Шанбегии умумӣ дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон баргузор гардид

Дар шанбегии умумӣ ҳама ҳайати профессорию омӯзгории донишкада, фаъолона иштирок намуданд.
Дар ин рӯз гирду атрофи бинои донишкада, хиёбонҳои шаҳри Бӯстон, ҳавлии Қасри фарҳанги шаҳри Бӯстон ва дигар манотиқи атрофи донишкада аз партовҳо тоза карда шуданд.
Ҳамчунин, як қисм омӯзгорон ва тозакорони донишкада гулгаштҳоро тоза гамуда, қабати гулзорҳоро аз алафҳои зиёдатӣ пок намуданд.

Ёдовар мешавем, ки ҳар ҳафта дар донишкада шанбегии умумӣ баргузор мегардад ва кормандон дастаҷамъона дар корҳои ободониву созандагӣ саҳми худро мегузоранд.
Шуъбаи иттилоот