Шанбегии умумӣ дар донишкада барагузор гардид

Имрӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо дастури ректори донишкада н.и.и.,дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ  ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шанбегии умумӣ баргузор гардид, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот муовини ректор оид ба корҳои молиявӣ ва хоҷагидорӣ Ҷабборзода Муҳаммад иттилоъ дод.

Дар ин рӯз, кормандон ҳама гирду атрофи гулзорҳоро аз алафҳои бегона покиза намуда, сипас хиёбони шафати донишкадаро, ки дар канори роҳи мошингард қарор дорад кандаву ба таъмир омода намуданд. Ҳамзамон, кормандони донишкада мизу курсӣ ва синфхонаҳоро хабар гирифта, қисматҳои корношоямашро ба устохона супориданд.

Ҳамчунин, кормандон қисме аз партовҳои шафати хобгоҳро бардошта, тоза намуданд.

Шуъбаи иттилоот