Донишҷӯёну омӯзгорони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ғолиби даври шаҳрии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” гардиданд.

Бо мақсади иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” қарори раиси шаҳри Бӯстон қабул гардида, тибқи Низомнома моҳи май дар ташкилоту муассисаҳо ва моҳи июл дар сатҳи шаҳр озмуни мазкур доир гардид.

Имрӯз,  дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон бо иштироки раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода ҷамъбасти даври дуюми озмуни мазкур доир шуд. Нахуст роҳбари шаҳр аз раванди дастгириву пуштибонии ҳамешагии аҳли илму маърифат ва хонандагону донишҷӯён, ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба илу донишомӯзӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд. Таҳти сарпарастии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардидани озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм-фурӯғи маърифат”-ро далели дастгириҳои пайвастаи аҳли илму адаб маънидод намуд.
Сипас, муовини раиси шаҳр, раиси комиссияи шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” Хуршед Сатторзода оид ба раванди баргузории даври дуюми озмуни мазкур ҳисобот дод. Гуфта шуд, ки аз даври аввал ба даври шаҳрӣ 145 нафар ғолибон номнавис гардида, дар даври шаҳрӣ 52 нафар ғолибият ба даст оварда, ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.
Сипас, ба ғолибони даври шаҳрӣ, омӯзгороне, ки барои омода намудани шогирдон саҳмгузорӣ намуданд бо мукофотҳои пулӣ ва сипосномаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
Шоҳҷоизаи озмун насиби омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 3 Замира Шукурова гардид.

Ҳамчунин, 7 нафар донишҷӯён ва омӯзгорони донишкада соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд.