Машвари августии ҳайати профессорию омӯзгории донишкада бо ширкати ректор н.и.и.дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ

Имрӯз, дар толори конфронсзали донишкада машвари августии ректори донишкада н.и.и.,дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ бо  ҳайати профессорию омӯзгории муассиса ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он кормандони донишкада аз қисми хоҷагӣ низ ширкат намуданд.

Ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ нахуст аз масъулон аз ҳоли кормандон пурсон шуда, иброз доштанд, ки ҳамаи кормандон бояд дар ин марҳилаи душвор беназорат намонанд ва иттифоқи касабаи донишкада бояд дар ҳолатҳои зарурӣ ба кормандон кӯмак намояд.

Ҳамзамон ректори донишкада 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро яке аз маъракаҳои муҳим дониста, қайд намуданд, ки дар ин ҷашн бояд ҳама омодагӣ бубинем ва дар чорабиниҳо фаъолона ширкат намоем.

Муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ иброз намуданд, ки бояд тамоми толорҳо, синфхонаҳо ба дарс омода карда шаванд. Ҳамчунин ҷиҳати нав намудани овезаву шиорҳои пур аз хато ва ғайри меъёрӣ дар роҳравҳову синфхонаҳо ба масъулон супориш доданд.

Ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ аз масъулон ҷиҳати беҳтар намудани сифати таълим талаб намуданд, ки ҳар як соати дарсӣ зери назорат гирифта шавад ва комиссияи босалоҳият аз ҷониби раёсати таълим ҳолатро назорат намояд.

Ҳамчунин ба ҳозирин ректори донишкада ваъда доданд, ки тамоми аудиторияҳо ва утоқҳои корӣ бо таҷҳизоти нав таъмин карда мешавад ва аз шумо омӯзгорон фақат талаб карда мешавад, ки содиқона ба давлату миллат хизмат намоед.

Ба қисми хоҷагидорӣ супориш дода шуд, ки барои пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ҳама он маводи зиддиуфунӣ ба масъулон тақсим карда шавад.

Дар интиҳои маҷлис ректори донишкада н.и.и.,дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ ҷиҳати рушди илму инноватсия ва омода намудани донишҷӯён ба озмунҳои ҷумҳуриявиву олимпиадаҳои фаннӣ  қайд намуданд, ки аз донишкада ҳавасмандгардони барои ишғоли ҷойи якум 7000 сомонӣ, барои  ишғоли ҷойи дуюм 5000 сомонӣ, барои ҷойи сеюм 3000 сомонӣ муқаррар карда шудааст ва ба роҳбарони ғолиб низ ҳамин қадар маблағ дода мешавад. Аз Шумо фақат талаб карда мешавад, ки кор кунед ва мутахассисони варзидаро тарбия намоед.

Сипас, сардори иттифоқи касабаи донишкада Давлатов Давлатмаҳмад, сардори раёсати таълим Осими Оқил, декани факултети корҳои кӯҳӣ Самадова Гулӣ як қатор пешниҳодҳо намуда, ба роҳбарият ҷиҳати ғамхорӣ ва корҳои созандагиву бунёдкорӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.

Шуъбаи иттилоот