Шанбегии умумӣ бо ширкати ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ

Тайи ду рӯз, омӯзгорону кормандони донишкада зери роҳбарии ректори муассиса профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ шанбегии умумӣ гузаронида, саҳни дрнишкадаро аз партовҳо, алафҳои нолозим пурра тоза намуданд.
Ҳамчунин, кормандону омӯзгорон бо ҳамроҳии ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дар мавзеҳои ороишӣ, гирду атрофи донишкада зиёда аз 8000 гулҳои ороишӣ шинониданд, ки ректори донишкада худ дар баробари кормандон кор карда, дар ободонии донишкада саҳм гузоштанд.
Ин иқдом бори аввал нест ва тамоми ҳайати профессорию омӯзгории донишкада хурсандона дар ин иқдоми нек саҳм гузоштанд.