ЧАШМИ КАҶ ҲАРГИЗ НАБИНАД РОСТРО

Муваффақият ва пешрафт дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар чанд соли охир равшантар ба назар мерасад ва маҳз дар ҳамин чанд сол Тоҷикистон тавонист дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати баландтареро касб кунад. Имрӯз, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аксарияти кишварҳои дунё робитаи зичи дипломатӣ дорад ва дар аксарияти давлатҳои пешрафтаи Шарқу Ғарб намояндагиҳои дипломатии худро боз намудааст, ки далел аз гуфтаҳои болост.  Рӯз аз рӯз кишвари Тоҷикистон бо дастгириву ғамхории роҳбари давлат  Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зинаҳои баландӣ сиёсӣ расида ба чандин муваффақиятҳо дар сиёсати хориҷӣ ноил гардидааст. Сафарҳои расмиву ғайрирасмӣ ва имзои созишномаву тавофуқномаҳо миёни давлатҳои хориҷӣ, мулоқоту гуфтушунидҳо бо сиёсатмадорону тоҷирони хориҷӣ ҷиҳати ҳарчӣ беҳтар намудани шароит ва сифати зиндагии мардум, равобити наздики дипломатӣ, ҷалби саромоягузорони хориҷӣ аз зумраи талошҳо барои рушди мамлакат мебошад.

Аммо як тӯда авбошону нотавонбинон ҳамин муваффақиятҳои сиёсати хориҷии Пешвои муаззами миллатро, ки бар нафъи давлату миллат мебошанд, нодида гирифта, барои ҳарчӣ зиёдтар паст намудани мақому манзалати Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ кӯшиш мекунад. Онҳо бо фармони хоҷагони хориҷияшон, ки аслан бар зидди миллат ва давлати Тоҷикистон равона карда шудааст, барнома омода намуда, ҳар рӯз ахбори бардурӯғ ва иғвобарангезро пахш мекунанд.

 Аҷибаш дар он аст, ки ин тоифаи бесавод ва авбошу ифротӣ аслан пешравиҳои кишварро дидан намехоҳанд ва агар барои пешрафти кишвар амале оғоз шуд, ба пӯсти ин тоифа кайк медарояд ва ин тоифаи авбошу ҷинояткор, ки аксарияташ аъзоёни ТЭТ ҲНИ аст, бар сиёҳ кардан мегузаранд. Оё мумкин аст, ки инсон дар ду нақш бозӣ кунад ҳам зан ва ҳам мард??? Шояд барои бисёриҳо имкон надошта бошад ва саволи ғайри оддӣ бошад, аммо барои тоифаи наҳзатиёни ифротӣ ин воқеият аст. Наҳзатиёни палид ва дигар гумроҳони пайравони ин тоифа, ки дар асл душмани миллати тоҷик ҳастанд, дар ҷое дар нақши зан худро муаррифӣ карда занакнолӣ мекунанд( албатта инҳо монанд ба зане ҳастанд, ки аз 100 шавҳар баромадааст)  ва дар ҷое худро ҳамчун мард нишон додани мешаванд, ки боз “тарки одат амри маҳол” гуфтани барин ба занакнолӣ мегузаранд.  Ва ҳамин хислати пасти ин тоифаи разил баъзан инсонро ба ҳайрат меорад…

Дар сомонаҳои  хабарӣ нашр гардид, ки сафари Пешвои муаззами миллат ба кишварҳои аврупоӣ сурат мегирад ва чуноне ки «Азия Плюс» бо такя ба манбааш дар ҳукумат хабар дод, ин сафари Сарвари давлат аз 4 то 12-уми  ноябр давом карда, зимни сафар Роҳбари давлат  аз чанд кишвари аврупоӣ дидан мекунанд.

Албатта, сафар ба кишварҳои хориҷӣ барои рушду тавсеаи ҳамкориву муносибатҳои дипломатӣ ва ҷалби сармоягузорон бисёр муҳим аст ва аз чунин сафарҳои Сарвари давлат ба кишварҳои хориҷӣ  миллат манфиати бештаре ба даст меорад, ки яке аз ин ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ба кишвар мебошад.

Лек нотавонбинону тирасарон, ки бо супориши хоҷагони хориҷияшон кор мекунанд аз робитаи хуби Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ нороҳат шуда, рӯз аз рӯз хабарҳои дурӯғро пахш мекунанд, ки ба лагад задани шутур аккоси сагро монад.

                                                                         Меҳвар Абдусаломович

                                                                         омӯзгори ДКМТ