ЧАРО АЗ ВОҚЕИЯТИ ТАЪРИХ МЕГУРЕЗЕМ?

Дар тӯли таърих инсоният доимо бо таҳаввулоти иҷтимоӣ мувоҷеҳ мегардад ва ҳамвора барои интихоби масири ҳақ мубориза мебарад. Аз замони пайдоиши инсон дар курраи замин, то  ба ин дам аксари нажодҳо ҳадс мезаданд, ки навсли аввалини саёра ҳастанд. Лек, таърих илми ҳол буда, ҳамаи  ҳодисаву рӯйдодҳоро пинҳону ошкор дар худ нигоҳ медорад.

Махсусан, таърихнигорон оид ба  қадимтарин маскунӣ  будани миллати тоҷик дар минтақаи Осиёи марказиро возеҳу равшан инъикос намудаанд. Далелҳои таърихӣ бармало месозад, ки  Хоҷаи Аъло ва Воруху Овчиқалача дар гузашта ҳеҷгоҳ дар ҳайати давлати  ҳамсоя  қарор надоштаанд ва ҳамин ҳоло, ки дар расонаҳои худ мардуми ҳамсокишвар аз соҳибзаминӣ даъво пеш меоранд, метавон ба осонӣ гуфт, ки ин даъвои онҳо соддагие беш нест.

            Мардуми ҳамсоякишвари мо, дар замони шӯравӣ, ки ҳайати давлати воҳидро ташкил менамуд, шояд аз камэътибории роҳбарони собиқи Тоҷикистони шӯравӣ бо ҳар роҳу васила ба монанди чарогоҳи муваққатӣ, обёрии заминҳо, иртиботи ҳамсоядорӣ ва ғайраҳо дар деҳаҳои номбурда маскуният пайдо намудаанд ва ин ҳам барои муваққат. Мутаассифона, имрӯз некии таърихии мардуми башардӯсти тоҷик ба ҷабри таърих мувоҷеҳ гашта, қирғизи бехонумон на танҳо даъвои иқоматро мекунад,  ҳатто барои ивази Ворӯх, ки нангу ори миллати сарбалнди ориёӣ маҳсуб меёбад, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ин иштибоҳи ҷуброннопазирӣ таърихӣ мебошад. Ба таъбири бузургону саромадони аҷдодонамон “тифли домангири ман охир гиребонгир шуд”.

Тибқи сарчашмаҳои муҳим ва харитаҳои сиёсиву ҷуғрофӣ, маркшейдериву топографӣ Қирғизистон то соли 1936 аз ҳисоби заминҳои ноҳияҳои Сӯхи Ӯзбекистон, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ҷ.Расулову Исфараи Тоҷикистон зиёда аз се ҳазор километри мураббаъ ҳудуди ҷуғрофиашро васеъ намудааст. Доираҳои махсуси сиёсиаш зуд -зуд ва ҳадафмандона бо ҳар баҳонае вазъияти марзиро тезу тунд,  ҳатто ба ҷанг мекашанд, ки ҷониби дигарро саросема кардаву ҷиҳати расидан ба аҳдофи нопокашон ба манфиати хеш ҳуҷҷатҳои зарӯрии байнидавлатиро ба имзо расонанд.  Ва  намехоҳанд, баҳсҳои марзӣ тибқи нишондодҳо ва сарчашмаҳои илмиву далелҳои таърихию этнографӣ ҳалли худро пайдо намояд. Зеро дарк намудаистодаанд, ки  мисли ҳамешагӣ дар баҳсҳои марзӣ мағлуб меоянд, чуноне, ки мегӯянд, офтобро ба домон пӯшонида намешавад ва даъвои беасоси қирғизро ҳам ҳамин хел қабул карда намешавад.

            Таъкид кардан зарур аст, ки барои ҳалли низоъ дар марзи Тоҷикистону Қиғизистон аз роҳҳои дипломатӣ ва сиёсӣ тибқи меъёрҳову санадҳои қаблан ҳосил гардида, анъанаҳои неки ҳамсоядорӣ, бо ҷалби мақомоти маҳаллӣ аз ҳарду ҷониб  истифода бурд ва баҳси марзро хотима бахшид.

 Ҳеҷ гоҳ,  наметавон, ин ё он масъаларо бо зуриву бо истифода аз тиру туфанг ва ҷангҳои таҳмиливу иттилоотӣ ҳаллу фасл намуд. Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доим дар баромадҳояшон иброз медоранд, танҳо роҳи ҳалли мушкилоти марзиро муносибатҳои дипломативу сиёсӣ ва гузаштҳои неки ҳамсоядорӣ метавонад хотима бахшад. Дар ҳалли баҳсҳои марзӣ иродаи сиёсӣ зарӯр буда, маҳз дар ин замина иродаву матонати роҳбариятҳои олии ҷумҳуриҳои дӯсту бародар ва ҳамсоя Тоҷикистону Ӯзбекистон намунаи ибрат барои дигар ҳамсоягон мебошад.

Бояд ҳамсоягон бидонанд, ки ангуштариро нигин зеб медиҳад, тоҷикон куҳантарин ва бофарҳангтарин насли инсоният ба ҳисоб рафта, доимо дар пешрафти илму техника, фарҳангу адаб, маърифати меъмориву кишоварзӣ таърихнигориву асарофарӣ бе мислу монанд ва муаррифгари Осиёи Миёнаву Мовароуннаҳр дар миқёси ҷаҳон буданд ва имрӯз ҳам ин анъанаи неки башардӯстиро идома медиҳанд.

Имрӯз, ба таъбире аз элитаи сиёсӣ, то мардуми қатории ҳамсоягони мо яктарафа, бетаҳлил, бе андешаи неки таҳамулпазирӣ, ҳамзистиву ҳамсоядорӣ ҳадс мезананд, ки тамоми гарданаи пеши Ворух қаламрави мост, дар ҳоле, ки медонанд ва ё донистан намехоҳанд, ки  Оқсой дар қад-қади роҳи Тоҷикистон соли 1975 пайдо шудаву он гузаргоҳҳое,ки тариқи он қирғизҳо мегузаштанд, то соли 1991 дар тавозуни Тоҷикистон буданд. Мутаассифона, ба ном ҷанобон мепиндоранд, ки ба мо роҳ медиҳед “даромадан тавонем” чӣ хаёли хоме дар сар мепаваред, қирғизҳои дур аз маърифату донишҳои таърихӣ?!

Ин рафтори нодурусту нобародаронаи  ҷониби Қирғизистон афкори ҷамъиятиро коста гардонидаву мардумро ба ғалантандешиву кудурат даъват менамояд, ки ин амал оқибати нек надорад ва барои мардуми қирғиз ҳам зиёновар мебошад, ҳарчанд сиёсатмадорони имрӯзаи қирғиз бар алайҳи инсонияту одобу русуми ҳамсоядорӣ сухан мекунанд, лек фардо, боз дар пеш аст ва аз он бояд андешид.

Худи ҳамин пешниҳоди бо 12 ҳазор гектар замин дар ҷои дилхоҳатон Ворухро иваз намоед, аз як таҳқир ва нодида гирифтани хотираи таърихӣ ва соддагиву бешагии ҳамсояҳо шаҳодат медиҳад.

Воқеан ҳам, бояд андешид ва чунин хулоса кард, ки магар ин амали қирғизҳо аз рӯи адолат аст? Не, не! Ҳаргиз, ин тавр намешавад, ин пешниҳод як ҳарзае беш буда наметавонад. Ин беэҳтиромӣ ва таҳқир нисбат ба халқи куҳандиёр аст. Барои чӣ масъалаи пас гардонидани заминҳои тоҷиконро баррасӣ намекунед?

 Магар, намедонед, ки сукунати Шумо дар заминҳои Оқсой, ки хоку меҳани мост дарозои таърихиаш кам ва ё зиёд ба 68 сол мерасад?

 Чаро қитъаи роҳи пешинаи моро барнамегардонед?

 Қирғизҳо бо эҳсоси мардуми тоҷдор ҷабри таърихро раво дидаистодаанд  ва бояд донанд, ки ин оқибати ногуворе дар пай дорад. Ҳақиқат он аст, ки ҳоло сиёсиҳои қирғизӣ барои истифода аз мақоми баланди сиёсӣ ва ба даст овардани орои мардуми оддӣ масъалаи марзиро доғ сохта, мехоҳанд бо ҳамин роҳ ва ташкили низоъҳо ҷомеаро фиреб диҳанд, ки мо ин хислати рӯбоҳонаи қирғизҳоро барвақт дарк намудем ва ҳаргиз барои ин дигар иҷозат нахоҳем дод. Як омили дигар ҳал ношуда боқӣ мондани масоили марзӣ ин зуд-зуд иваз шудани Ҳукумати Қирғизистон мебошад, ки то ба ҳол ҳеҷ кадоме аз ин навшудаҳо дарки ҳалли ин масъаларо надорад. Ҳар гоҳе, аъзои ҳуқумат иваз мешавад, боз меоянду нишон медиҳанд, ки мо созишномаҳои ҳукумати қаблиро эътироф намекунем ва боз ҳама чиз аз нав оғоз мешавад, ки ин ба як мушкили калон имрӯз табдил ёфтааст ва ба ин худи қирғизҳо гунаҳкор мебошанд.

Маълум аст, ки дар тамоми гуфтушунидҳои дуҷонибаи  роҷеъ ба масоили марзӣ комиссияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо роҳҳои дипломатиро пеш гирифтааст ва на зуру бозуро, лек ҷониби қирғизҳо бошад, ҳамеша аҳдшиканӣ намудааст. Худи ҳамин ҷамъоварии шумораи зиёди техникаҳои низомӣ ва васоили ҷангӣ дар сарҳад аз кадом ҷанбаи мусолиҳат дарак медиҳад? Ин маънои онро дорад, ки қирғизҳо дар ҳақиқат мехоҳанд, зарби мушти тоҷикиро бичашанд… Вагарна, инро чӣ хел метавон фаҳмид?

Албатта, мо тарафдори ҷангу хунрезӣ нестем, аммо он чӣ аз ҷониби қирғизҳо содир мешавад, фикр мекунам, ки бахшиданӣ нахоҳад буд ва миллат ҳам дигар аз ин аҳдшиканиву нағмаҳои қирғизӣ нигарон мебошад.

Маълум аст, ки мо тоҷикон ҳаргиз ба кадом сарзамине ҳамла накардаему қасди ҳамларо ҳам надорем, лек қирғизҳо воқеан, ҳам аз он ҷониб бо гузаронидани маъракаҳои зиддитоҷикӣ ҳаракат менамоянд, то фарҳанги ҳамсоядориро рахна зананд ва дӯстиро барҳам диҳанд, ки ин хуб нест. Чунки, мо тоҷикон доим ба хотири ҳамсоядории накӯ ва риояи одоби баланди инсонӣ талош менамоем, то қирғизҳоро аз роҳ нодуруст боз дорем. Достону романҳо ва қиссаву ҳикоятҳои зиёде роҷеъ ба ҳамсоядории байни  мову қирғизҳо ба чоп расидааст ва гузашта аз ин имрӯз ҳар як тоҷик асарҳои Чингиз Айтматовро ба хубӣ медонад ва осори ӯ ба забони тоҷикӣ борҳо тарҷума шудааст.

Дар интиҳо ҳамин нуктаро мехоҳам дарҷ созам, ки сокинони наздимарзӣ бояд ба рафти кори комиссияи муайянсозии нуктаҳои марзӣ халал нарасонанд ва талош намоянд, то ин масъала бо роҳи дипломатӣ ва фарҳанги ҳамсоядории баланд ҳалли худро ёбад. Дуруст аст, ки он заминҳое, ки ҳоло қирғизҳо аз они худ кардаанду маскуният доранд, моли тоҷикон аст ва чанд даҳсола қабл номи қирғиз дар он ҷо набуд.

Аз ин рӯ, ҳамин қадар метавон илова намуд, ки мо, тарафдори зудтар ҳал шудани баҳси марзӣ ҳастем ва делимататсия ва демаркатсияи марз ин ба манфиати ҳар ду тараф хоҳад буд.

Далватов Давлатмаҳмаҳмад

омӯзгори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон