Мулоқот: ҷавонон, Паём ва манфиатҳои миллӣ

Тибқи нақша-чорабиниҳои муштараки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ҳамасола дар ду марҳила хонишҳои сиёсӣ бо ҷалби васеи ҷавонон бо усули факулта ба факулта баргузор гардида истодааст.

Ҷиҳати татбиқи нақшаи мазкур, бо устодон ва донишҷӯёни факултаи Корҳои кӯҳии Донишкадаи кӯҳию металургии Тоҷикистон хониши сиёсӣ ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар чорабини муовини раиси филиали ИҶТ дар вилоят Фирдавс Фахридинзода ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонони ДКМТ Шаҳбоз Насриддинзода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар рафти хониши сиёсӣ оиди дуруст истифодабарии шабакаҳои иҷтимоӣ, соҳибкасби соҳаи саноати куҳӣ шудани ҷавонон, татбиқи чорум ҳадафи стратегӣ ва оиди дарки моҳияти Истиқлолияти давлатӣ гуфта шуд.
Баргузории хонишҳои сиёсӣ бо усули факулта ба факулта дар донишкада идома дорад.