Умарҷонов Абдусафо 3D принтерҳои навро муаррифӣ намуд

Дирӯз,  муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Умарҷонов Абдусафо 2 адад 3D принтерҳои нав ва ду адад тахтаи электрониро, ки аз рӯи барномаи CDIO ба донишкада ворид карда шудааст, ба муовини аввали ректор Насриддинов Замониддин, роҳбари маркази бақайдгирӣ ва  тестӣ Давлатов Давлатмаҳмад, мудири кафедраи металлургия Қодиров Алишер  муаррифӣ намуд

Таҷҳизот комилан нав буда, бо дархости вижа аз хориҷ барои академияи CDIO-и назди донишкада харидорӣ гардидааст. Феълан, ин таҷҳизотҳои нав дар FABLAB-и академияи CDIO, ки ягона дар Осиёи Миёна мебошад, насб карда шудааст, ки аз он шавқмандон ва муҳандисони ояндаи риштаи CDIO метавонанд, истифода баранд.

Ёдовар мешавем, ки академияи CDIO дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон фаъолият менамояд ва бо усулҳои муосир ба хонандагон дарс меомӯзонад.