Баргузории маҳфили “Заковат” дар хобгоҳи рақами 3

Дирӯз,  дар хобгоҳи рақами 3-и донишкада маҳфили “Заковат” баргузор гардид, ки дар он донишҷӯён ба ду гурӯҳ тақсим шуда, байни ҳамдигар рақобат намуданд. Маҳфилро дар хобгоҳи донишкада масъули хобгоҳҳо  Ёрматова Хосият ташкил намудааст, ки баҳри такмили донишҳои донишҷӯён мусоидат менамояд. Ёдовар мешавем, ки ин аллакай маротибаи сеюм аст, ки дар хобгоҳи донишкада маҳфили “Заковат” миёни донишҷӯён баргузор мегардад.

Шуъбаи иттилоот