Тарғибу ташвиқи ихтисосҳои нави донишкада дар шаҳри Хуҷанд

Тибқи ҷадвали баргузории корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ҷиҳати ҷалби довталабон ба Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон барои соли таҳсили 2022 – 2023 санаи 19.01.2022 бо хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд гурӯҳи корӣ дар ҳайати Ҳомидова Р.-муаллими калони кафедраи фанҳои умумитехникӣ, Ҳаитова Ф.Ш., Абдуллоева Н.М., Абдураҳмонова А.И. ва Насруллоева Д.М.-омӯзгорони кафедраи математикаи олӣ ва информатика мулоқоту машварат гузарониданд. 

Гурӯҳти корӣ ҳангоми вохурӣ бо хатмкунандагон оид ба шароиту имкониятҳои таҳсил ва ихтисосҳои дар донишкада буда маълумоти муфассал доданд. Қайд карда шуд, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон нахустин донишкадае мебошад, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ ягона буда, барои омода намудани мутахассисони рақобатпазири бозорӣ меҳнат, кадрҳои соҳаҳои кӯҳкорӣ, металлургия ва электромеханикаро омода намуда ба корхонаҳои саноатии кишвар равона менамояд.

 Барои ҳар як хатмкунанда, буклет – маълумотномаи муфассал дар бораи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва ихтисосҳои он, ки бо забони тоҷикӣ тартиб дода шудаанд, тақдим карда шуд. Дар интиҳо ба саволҳои хатмкунандагон ҷавобҳои қонеъкунанда дода шуд.