ТЭТ ҲНИ ВА НАЙРАНГҲОИ НАВБАТИИ КАБИРӢ!

Надоштани фарҳанги сиёсӣ ва умуман маърифати инсонӣ инсонро ба ҳар гуна роҳ мебарад. Махсусан онҳое, ки мехоҳанд худро фаъоли сиёсӣ мешуморанд бояд ахлоқи ҳамидаву фарҳанги волои муоширатро донанд ва онро дар ҳама ҳолат риоят кунанд. Намунаи беҳтарин будан дар майдони сиёсат талаби умумист, аммо надоштани маърифати баланд ва фарҳанги сиёсӣ ин аллакай шармандагист. Ин шабу рӯзҳо мо ин шармандагиро аз ҷониби як тӯда авбошон ва роҳзанҳо дидаистодаем, ки чи тавр бо надоштани фарҳангу маданият ва ҳатто оддитарин одоби инсонӣ худро дар нишасти САҲА ба намоиш гузоштаанд.  Ҳарчанд ин афрод кӯшиш карданд, ки бар зидди ҳайати Тоҷикистонро, ки чанд нафар аз фаъолони ҷамъиятиву намояндагони баландмақомро тартиб медиҳад, баромад кунанд тирашон хок хӯрд. Онҳо натавонистанд дар баробари фарҳангу маданияти ҳайати Тоҷикистон истодагарӣ кунанд ва аз ҳамин лиҳоз мисли роҳзанҳои гурусна доду фиғон бардоштанд ва ҳар қадар, ки метавонистанд борони туҳмату дурӯғро бар сари онҳо рехтанд. Аммо ин ҳайат аз адабу фарҳанг кор гирифта, кӯшиш карданд, то миллатро дар он ҷо дар ҳузури намояндагони хориҷӣ шарманда насозанд.

Кабирӣ ва тарафдоронаш бо Шарофиддин Гадоев ва чанд ҷинояткори махсус тайёркардашуда  талош мекунанд, ки ҳатто агар заррае ҳам бошад, обрӯву нуфузи миллат ва далти Тоҷикистонро коста гардонанд. Онҳо аз ин кори худ албатта гонарар ё худ ҳақмузди хуб мегиранд.

Аз ин рӯ, на аз одоб кор мегиранду на аз маданияту қоидаи неки муошират. Қаблан дар мисоли зуҳури ТЭТ ҲНИ навишта будам ва боз ин ҷо лозим меояд, ки дубора ёдовар шавам ва ба хонандаи ази аз воқеияти ин ҳизби террористӣ парда бикушоям. Охиран аз ҷониби олимон ва коршиносон дурӯғи пайдоиш ва таъсиси ТЭТ ҲНИ   дар солҳои 70-ум ошкор шуд, ки як сухани бофтаи наҳзатиёни ифлос будааст. Ҳарчанд бовари кас намеояд, ки чи тавр ин аблаҳон чандин сол боз мардумро фиреб дода барои худ ҳувият сохтаанд. Инро мегӯянд ҳиллаву найранги душман. 

Баробари соҳибистиқлол гардидани кишварҳои пасошӯравӣ як гурӯҳи махсус аз исломиёни соҳибсилоҳ бо ташкили равияву ташкилотҳои гуногуни динӣ хостанд, кишварҳои собиқ Шӯравиро ба давлати исломӣ табдил диҳанд. Махсусан дар Осиёи Миёна ин масъала хеле ҷиддӣ дида мешуд ва ҳамин буд, ки гурӯҳҳои алоҳида дар давлатҳои Осиёи Маркази ба таъсиси ҳизбҳои сиёсии динӣ пардохтанд. Дар назари аввал, ки шаҳрвандон аз ин воқиф набуданд ва асрори ТЭТ ҲНИ-ро намедонистанд, ба он пайвастанд. Аслан сабабгори ҷанги шаҳрвандӣ ҳам дар кишвар ҳамин наҳзатиёни навтаъсис буданд, ки ҳамаро ба хоку хун кашиданд. Мақсади ТЭТ ҲНИ ба таври комил несту нобуд сохтани давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол буд ва барои ҳамин ҳам онҳо аҳолии осоиштаро ба қатл расониданд ва гурӯҳбозиро шуруъ намуданд. Ҳарчанд дар ин масъала борҳо гуфтаем, аммо ҳанӯз ҳам ба таври ошкоро дар бисёр маврид наҳзатиёни ифроти намехоҳанд дар ин бора гап равад.  Бо шарофати далериву шуҷоат ва мардонагиву меҳанпарастии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оташи ҷанг хомӯш гардид ва Тоҷикистон аз парокандашавӣ наҷот дода шуд.

Вале ин амали Пешвои муаззами миллат ба авбошони наҳзатӣ хуш наомад ва дубора аз пайи анҷом додани амалҳои террористӣ гардиданд ва ҳар қадар метавонистанд ва миллати тоҷик чи дар дохилу чи дар тхориҷ зарар расониданд. Онҳо ақидаву равияҳои гуногунро ба кишвар оварда аз ҳамин роҳ ҷавононро гумроҳ месохтанд. Ҳаракатҳои мамнуъи мисли “ваҳҳобия”, “салафия”, “ шиагароӣ” ва амсоли ин ҷараёнҳои дигарро ба кишвар оварда, ақидаҳои онҳоро паҳн менамуданд. Ин ҳам яке аз хиёнатҳои наҳзатиёни террорист ва хоин бар зидди дину мазҳаб ва миллати тоҷик мебошад. Онҳо мехостанд, ки бо ҳамин роҳ пайравони мазҳаби шиаро дар кишвар зиёд намуда, ҷойгоҳи мазҳаби ҳанафияро танг намоянд. Ва ба ин кор то ҷое муваффақ ҳам шуданд. Онҳо як силсила ҷавононро гумроҳ намуда аз роҳи таъсиси фанатизми динӣ корро оғоз намуданд.

Ин гуна мисолҳо хеле зиёд аст ва мо метавонем боз садҳо намунаи дигари онро ба Шумо бигӯем, лек ҳама чиз ҷойгоҳи худро дорад.

  Суоле ин ҷо пайдо мешавад, ки чаро маҳз онҳо равияҳои гуногунро ба кишвар оварданд ва ақидаҳои онро миёни ҷомеа паҳн намуданд? Ин албатта фақат шаҳодат аз гаравидани онҳо ба шиа нест, балки пул кор кардан ҳам ҳаст.  Бубинед ин равияҳо бо сармоягузории зиёд ба Осиёи Миёна ворид шуданд ва пеш аз ҳама аз ин  ҳизбҳои динӣ манфиат бурданд. Ҳизби исломии Ӯзбекистон бевосита бо ҳизби наҳзат ҳамкориҳояшро ба роҳ монда онро сармоягузорӣ менамуд. Аксарияти аъзоёни ҳизби таҳрир ҳам, ки дар кишвар бинобар ақидаҳои ифротидоштанаш мамнӯъ буд, ба ҳизби наҳзати исломӣ гузашта буданд ва ин албатта як зараре бузурге буд. Аммо Кабирӣ ва пайравонаш аз ин ҳам хавотир нашуда бо ҳамаи ҳамин гурӯҳҳои ифротӣ ҳамкорияҳояшро зич ба роҳ монда, ҷараёну ақидаҳои зидди исломиро ҳамчун андешаҳои динии воло миёни мардум паҳн менамуд.

Қабл аз оне, ки ТЭТ ҲНИ ва Кабирии сарсахту камақл ба ин мақсадҳо бирасад, солҳои навадуми асри гузашта бо баҳонаҳои зиёд олимону равшанфикронро ба қатл расонид. Муаллимон ва мутахассисони беҳтаринро ба қатл расонид ва бо кам гардидани равшанфикрон сенарияи худро амалӣ намуд.  Яъне бо ин роҳ наҳзатиёни ифротӣ талош намуданд, ки теша ба решаи миллат зада, худро бегуноҳ муаррифӣ намоянд. Онҳо талош карданд, ки бо ворид намудани равияву ҷараёнҳои мухталиф ба психологияи мардум таъсир расонида бо ҳамин роҳ дар ҷомеа тухми кинро пошида, худ ба курсии давлатдорӣ менишинанд. Аммо мардуми шарифи Тоҷикистон аз ин нияти нопоки наҳзатиёни ифлос огоҳ гардида, садди роҳи он гардид. Яъне мардум дигар аз онҳо тарафдорӣ наменамояд ва ин албатта роҳ ба сӯи некист.

                                                                     Азизов Қурбон

                                                                    сардори шуъбаи тарбияи ДКМТ