КАБИРӢ ВА ИҒВОГАРИҲОИ Ӯ

Фаъолияти ҲНИ чун ҳизби терористию экстримистӣ дар саҳифахои таърихи сиёсии Тоҷикистони соҳибистиклоламон доғи сиёҳеро осор гузоштааст.

Ибтидои солҳои 90-ум асри 20 зери шиорҳои озодихоҳона онҳо ба саҳнаи сиёсӣ баромада,бо мақсаду ниятҳои нопоки худ боиси ба амал омадани ҷанги шаҳрвандӣ гардида буданд.

  Наҳзатиён худро мусулмони комил пиндошта бо истифода аз номи дини мубини ислом истифода бурда мехостанд тинҷию оромиро халалдор намуда, соҳиби ҳокимияти сиёсӣ гарданд.

Ҷанги шахрвандӣ, ки амалкарди ин наҳзатиён буд ба ҷомеаи тоҷик чи гуна хисорот овард мо фаромӯш карда наметавонем.Фаъолияти сиёсии ин ҳизб то лаҳзаи қатъ гардиданаш нишон дод ,ки роҳбари ҳизб ва раёсати он ба амалҳое даст заданд, ки зидди сохтори конститутсионӣ буд. Хушбахтона бо қарори суди олии ҶТ аз 10-01-2015 фаъолияти ин ҳизб мамнуъ гардид ва чун ташкилоти терористию экстримистӣ эълон гардид .

Роҳбари ин ҳизб мамнуъ гардида,  М.Кабирӣ худро чун рубоҳи маккор нишон дода ,дар хориҷи  кишвар хизматгори хочагони худ мебошад ва бо ҳаргуна сухану иғвохои бади хеш мехоҳад ба ин сулҳу салоҳу амнияти мо монеа эҷод кунад. Чихеле, ки мо огоҳем  имрӯзҳо дар Варшава ҷаласаи солонаи САҲА доир шуда истодааст. Аъзоён ва пайравони ин ҳизб мамнуъгардида бо сарварии худ Кабирӣ дар ин ҷаласаҳо ширкат варзида боиси дар арсаи ҷаҳонӣ паст гардидани мавқеи сиёсии давлатамон гардида истодаанд. Худро чун мусичаи бегуноҳ нишондода ба ҳар гуна суханҳои туҳматангезу иғвогарона ҳамаи ин он ободкориҳои кишвари моро нодида гирифта,  мехоҳанд дар ин минбарҳои баланд худро “тоҷики асил” пиндоранд.

Албатта, ҷомеаи ҷаҳонӣ низ огоҳ гардидааст, ки ҲНИ ТЭТ аст ва пайравони он дар хориҷа паноҳ бурда аз ҳисоби маблағгузорони сарпарастони хориҷии худ тайёранд худро ,модару ватани худро фурӯшанд.

Албатта,  ин нияти нопоки  онҳо ба ҳама соҳаҳо таъсир расонид. Мо ҷомеаи тоҷикон пайрав ва ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошем, зеро саҳми ин марди хирад ва ватандӯст, буд, ҳаст, ки мо имрӯз тинҷу ором зиндагонӣ менамоем.

Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ гадои бекафани ин диёр ҳастанд. Онҳо косалесу шайтонсифат чун душмани миллат муаррифӣ гардиданд.Миллати шарафманди тоҷик дар ягон ҳолат эшонро дастгирӣ наменамояд ва ҳаргиз нахоҳад кард.

 

                                                                                             Саидов Анвар

                                                                                             омӯзгори ДКМТ