Конфронси назариявӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии сайёҳӣ дар шаҳри Бӯстон

Дирӯз, 25 сентябр дар асоси нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон бахшида ба солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва Рӯзи байналмилалии сайёҳӣ дар Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон таҳти унвони “Тоҷикистон – кишвари сайёҳӣ” конфронси назариявӣ доир гардид. 
Конфронс бо сухани ифтитоҳии муовини раиси шаҳри Бӯстон Хуршед Сатторзода оғоз гардида, мавсуф оид ба имкониятҳои сайёҳии кишвар, заминаи мусоид баҳри рушди соҳа ва иқдомҳои наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар гардид. Гуфта шуд, ки дар мамлакат мақомоти салоҳиятдори бахши сайёҳӣ –Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030» таҳия ва аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, ҳамзамон аз ҷониби Парлумони мамлакат як зумра санаду қонунҳои танзимкунандаи соҳаи сайёҳии мамлакат қабул гардиданд.
Иброз карда шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади руши соҳа 180 ширкати сайёҳӣ фаъолияти густурда дошта, нақши онҳо дар муаррифии иқтидори сайёҳӣ ва ташаккули бахши сайёҳӣ дар мамлакат муассир мебошад.
Дар кори конфронс директори Ассосиатсияи тараққиёти сайёҳии “Зарафшон” Ҷамшед Юсупов дар мавзӯи “Иқтидори сайёҳии вилояти Суғд”, муовини ректори Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Замониддин Насриддинов дар мавзӯи “Имкониятҳои сайёҳии шаҳри Бӯстон” ва роҳбари ширкати сайёҳии “Чимтарға – Travel” Оламафрӯз Раҳмонқулов дар мавзӯи “Таҷрибаи қабули сайёҳон ба Тоҷикистон” пешбинӣ шудааст.
Дар кори конфронс масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон, роҳбарони меҳмонхонаҳо ва дигарон ширкат ва мубодилаи афкор намуданд.