ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – ҲАМЧУН ПАДИДАИ НОМАТЛУБИ ИҶТИМОӢ

Дар олами муосир хатари терроризм ва гурӯҳҳои ифротгароӣ яке аз масъалаҳои мубрами илмҳои сиёсӣ буда, омилҳо, хусусиятҳо, харобаҳои он аз ҷониби илмҳои гуногуни ҷомеашиносӣ мавриди омӯзиш ва тадқиқи илмӣ қарор гирифтааст. Ин раванди номатлуб ҷомеаи башариро нигарон намуда, баҳри пешгирии омилҳои террористӣ тамоми омилҳо, сабабҳо ва дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи терроризмро пайдо хоҳанд намуд. Ба ин маънӣ омӯзиши ҳамаҷонибаи ин масъала талаби замон мебошад. Агар одамон ба масъалаҳои терроризм ва муборизаи зидди он бевосита пайваст набошанд ҳам, тавассути чизи дигаре ва ё субъекти дигаре бо масъалаҳои мухталифи терроризм ва шаклҳои дигари экстремизми сиёсӣ алоқаманд гашта, мавқеи худро муайян менамоянд.

Аз ин рӯ дар тамоми ҷаҳон марказҳо ва пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ ба омӯзиши ин падидаи номатлуби иҷтимоӣ равонаанд. Дар ин радиф ҷараёни экстремизми сиёсӣ ва терроризми сиёсӣ пешсаф аст. Экстремизми сиёсӣ аслан аз ғояи фаъолияти канорае таркиб ёфтааст, ки одатан тавассути зӯроварӣ барои воқеӣ гардонидани ҳадафҳои сиёсӣ истифода мешавад. Илова бар ин экстримизми сиёсӣ бо тамоми зуҳуроташ ҳамчун ҷараёни иртиҷоӣ аён гашта, доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта, ба ҳодисаи мудҳиши умумибашарӣ табдил ёфтааст. Аз ин хотир зарурати дарки амиқ ва фаҳми васею ҳамаҷонибаи он пеш меояд. Бинобар ин таҳқиқ ва баррасии экстремизм зинаи аввали инкишофи гурӯҳҳои канориро ташкил менамояд.

Экстремизм аз вожаи фаронсавии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus» гирифта шуда, маънои луғавиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштанро дорад. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.

Терроризм дар инкишофи таърихии инсоният ҳодисаи нав набуда, ҳанӯз аз замонҳои қадим ба ин усул қувваҳои гуногуни сиёсӣ ва ҷамъиятӣ барои ҳокимият талош дошта, даст ба зӯрӣ, даҳшат овардан ва тарсонидани одамон мезаданд.

Махсусан дар замонҳои нав ва навтарин терроризм хусусиятҳои иртиҷоиро пайдо намуд. Террористон барои тарсонидани аҳли ҷомеа ва ҳокимон даст ба куштори одамони бегуноҳ мезаданд. Террор воситаи асосии мубориза барои ҳокимият, барои ҳимояи манфиатҳои гурӯҳӣ, қавмӣ, этникӣ, нажодӣ ва ғайраҳо гардидаанд.

Террор яке аз воситаҳои асосию паҳнгаштатарини муборизаи замони инқилоб ва аксулинқилобҳо ба шумор меравад ва ҷомеаро дар давраҳои модернизатсияи сиёсии моҷарогароӣ ва муқовиматҳои иҷтимоӣ қавӣ менамояд. Дар ин замон муҳим нест, ки аввалин шуда кадом ҷониб ва ё кӣ даст ба истифодаи зӯрии канораю ғайриқонунӣ мезанад. Аҳамияти асосиро сатҳи муқовимати қувваҳои сиёсӣ ва маданияти сиёсии онҳо ташкил медиҳад. Чуноне ки таҷрибаи мамлакатҳои гуногуни олам нишон медиҳанд, дар ҳолати мазкур неруҳои террористӣ фақат кӯшиши нобуд намудани рақиби худро менамоянд.

Дар олами муосир шумораи аниқи гурӯҳҳо ё ташкилоти террористиро муайян намудан номумкин аст. Зеро иттиҳодияҳои зиёде мавҷуданд, ки ҳадафҳо ва фаъолияту амалашонро махфӣ медоранд. Набудани меъёрҳо ва қоидаҳои асосию умумии муносибат ба иттиҳодияҳои террористию экстремистӣ корро мушкил мегардонанд. Аммо ташкилоти калонтарини террористон хоҳу нохоҳ аз худ дарак медиҳанд ва мунтазам ба амалҳои террористӣ даст мезананд. Дар шароити ҳозира бештар дар бораи як қатор ташкилоти номдори террористӣ андешаҳо иброз менамоянд ва амалҳои зиддитеррористӣ низ асосан муқобили онҳо нигаронида шудаанд. Аз лиҳози таҷрибавӣ терроризм оқибатҳои харобиовар дорад. Тибқи нишондоди маълумоти умумии оморӣ дар олам оид ба амалиёти террористӣ ва оқибатҳои фоҷиабори он мавҷуд нест. Аммо маълумот оид ба кишварҳо ва минтақаҳои алоҳида арзи ҳастӣ доранд. Амалиёти терроризми байналхалқӣ тақрибан 5-10 фоизи амалҳои террористии ҷиноятиро ташкил медиҳанд. Аз соди 1976 то соли 1996 ба ҳисоби миёна аз 320 то 660 амалиёти террористии байналхалқӣ pyx додааст. Шумораи қурбониёни амалҳои террористӣ рӯз аз рӯз меафзояд. Сатҳи мудҳишият ва ваҳшоният авҷ мегирад. Фақат дар солҳои 1994 ва 1995 мутаносибан 423 ва 440 нафар одамон қурбони дасисаҳои террористон гаштанд.

Терроризм, махсусан даҳсолаҳои охир оқибатҳои зиёди харобиовар ва талафоти зиёди ҷонӣ аз худ боқӣ гузошта, монеаи ташаккули ҷомеаи ороми башаррият гардидааст. Бахусус, Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, нисбат ба ин ҳодисаи манфури ҷомеа бетараф намебошад. Сари ин масъала ҳамарӯза ҳукумати кишварамон андеша дошта, онро дар мадди аввал гузошта, сармашқи фаъолияти хеш қарор додааст.

Воқеан таъсир ва ташаккули равия террористӣ ба фазои ҷаҳони ислом таҳдид намуда истодааст. Ҳаёти кишварҳои мусулмонӣ имрӯз нишон медиҳанд, ки таъсис додани ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро дар минтақа ва дастгирӣ ёфтани онҳо аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонӣ як мушкилоти сарбаста шудааст. Пайванд кардани фаъолияти ин ҳизбу ҳаракатҳо бо ислом масъаларо боз ҳам мураккабтар мегардонад. Бинобар ин дар чунин вазъият моро зарур аст, ки арзишҳои миллӣ ва диниро ҳифз намуда, нақши онҳоро дар ҳаёти ҷомеа муайян созем.

Аз таҳлили фазои иттилоотӣ метавон ба хулосае омад, ки дар даҳсолаҳои охир таблиғи ақидаҳои дорои характери ифротӣ ва тундгароёна на танҳо дар кишвар, балки дар тамоми дунё то рафт зиёд гашта истодааст. Мутаассифона ин раванд барои амнияти кишвар ва минтақа хатар ва паёмадҳои манфӣ дорад. Хатари аслии ин падида дар он аст, ки имрӯз баъзе аз ҷавонони мо таҳти таъсири таблиғоти доираҳои муайяне, ки дар минтақа қарор доранд ва мақсади асосиашон ноором сохтани вазъи сиёсии минтақа мебошад, мондаанд. Онҳо ба василаи истифода аз дин ва эътиқодоти динӣ барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ ва тарвиҷи тундгароӣ дар ҷомеаи суннатии кишвар ва инкори арзишҳои дунявӣ амал менамоянд.

Махсусан ин нуктаро Роҳбари давлат  дар паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, ки масъалаи «мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, хурофотпарастиву ифротгароӣ» ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти идеологии муассисаҳои илмӣ ва сохтори марбутаи давлати дунявӣ дониста мешавад.

Назарматов А.А.

омӯзгори ДКМТ