ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ – АМАЛҲОИ НОМАТЛУБ

Мардуми тоҷик дар атрофи Пешвои миллат, муттаҳид гашта, барои расидан ба қуллаҳои баланди сулҳу субот ва амнияту шукуфоии Ватани азизамон  – Тоҷикистон  пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Дар ҷаҳони муосир рушди иқтисодию иҷтимоии ҳар кишвар ба рушди сармояи инсонии он вобастагии зич дорад. Аз ин лиҳоз, бештари давлатҳои абадқудрат мехоҳанд қувваи инсонӣ ва ҷавононро тавассути дигар намудани идеологияи онҳо ва ё тавассути додани маблағҳои калон онҳоро бар зидди давлати худашон истифода бурдан мехоҳанд.

Барои ин моро зарур аст, ки фаъолияти муассисаҳои таълимии санъату ҳунар, осорхонаву китобхонаҳо, театрҳо ва марказҳои фарҳангиро беҳтар гардонем, аҳли ҷомеаро ба ин муассисаҳо ҳарчи бештар ҷалб кунем ва бо ин роҳ ба раванди баланд бардоштани сатҳи маърифату маънавиёти аҳли ҷомеа, алалхусус, наврасону ҷавонон, яъне наслҳои ояндасози миллат ва рушди фарҳанги миллӣ такони ҷиддӣ бахшем.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ рушди кишвари соҳибистиқлоламонро таҳлилу ҷамъбаст намуда, эълон доштанд, ки «Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳоло ба шарофати заҳмати халқи соҳибмаърифату тамаддунсозаш ба марҳалаи нави рушд ворид шудааст». Агар аз замони ба даст омадани истиқлолияти давлатӣ то имрўзро марҳилаи эҳё ва барқарории давлатдории миллӣ номем, пас марҳилаи нави таърихӣ марҳилаи рушди устувори Тоҷикистон хоҳад буд.

Пешвои миллат таъкид фармуданд, ки маҳз сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату якпорчагии мардуми шарафманди тоҷик имкон дод, ки мо маҷрои рушди иқтисоди миллиамонро ба куллӣ тағйир диҳем, барномаҳои нави давлатиро қабул кунем, сохтори давлатдориамонро, ки асоси онро принсипи адолати иҷтимоӣ ташкил медиҳад, таҳким бахшем, иқтидорҳои нави истеҳсолиро ба кор андозем, сокинони мамлакатро дар тамоми фасли сол бо нерӯи барқ таъмин кунем ва барои рушди минбаъдаи соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар шароит ва заминаи мусоид фароҳам оварем.

Имрӯз бояд ҳар  яки мо  бетарафи накарда  бар зидди  ҳама гуна зуҳуроти номатлуб  мубориза барем.

Танҳо бо сабру таҳаммул, иродаи мустаҳкам, иттиҳоду сарҷамъӣ, саъю талоши аҳлона, заҳмати содиқонаву софдилона, масъулияти баланд ва ташаббусҳои созанда мо метавонем ба ҳадафҳои дар наздамон қарордошта муваффақ шавем ва ҳамаи нақшаву барномаҳои қабулкардаамонро амалӣ намоем.

Бинобар ин ҳар як шаҳрванди боақлу  бофаросати кишвар  ба қадри давлати  соҳибистиқлол  ва зиндагии орому  осуда бирасад ,  ҳеҷ гоҳ зиракию ҳушёриро аз даст надиҳад ва  баҳри ободонии ватани  азиз саҳмгузор бошад.

Хизматова Ҳ Н.

ассистенти кафедраи ЗД ва ЗХ