Таҷлили 30- солагии таъсисёбии ҚМҶТ дар факултети металлургия

Бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар китобихонаи донишкада аз ҷониби факултети металлургия вохӯрӣ бо сарбозон ва собиқадорон гузаронида шуд.
Дар вохӯрии мазкур сарбозон аз Гвардияи миллӣ даъват шуда буданд ва бо донишҷӯён аз ҳаёти сарбозӣ қисса намуданд.
Ҳамчунин, дар чорабинии мазкур муовини декани факултети металлургия оид ба тарбия Расулова Мунзифахон, муовин оид ба илм Усмонов Шермат, полковники Вазорати мудофиа, шахси ватандӯсту инсони равшанзамир, фидоии Артиши миллӣ Муродов Маъсум суханронӣ намуда, ҳозирин ба рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд.
Сипас, декани факултети металлургия Шамсиддинов Шӯҳрат ба сарбозону меҳмонон ҷиҳати ширкат ва суханронӣ изҳори миннатдорӣ баён намуда, ҳамагонро ба рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ табрик намуд.