Семинар: Панҷсолаи рушди саноат дар амал

Имрӯз дар толори видеоконфронсзали донишкада семинари илмӣ-амалии факултети металлургия бахшида ба Панҷсолаи рушди саноат баргузор гардид. Дар оғози кори семинар нахуст муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ  профессор Умарҷонов Абдусафо суханронӣ намуда, оид ба ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар ва манфиати он ба ҷомеа суханронӣ намуд.
Сипас, дар семинари мазкур дотсенти кафедраи металлургия Қодиров Алишер дар мавзӯи “Таҳлили технологияҳои самараноктарини истеҳсоли молибден”, омӯзгори калони кафедраи экология Саксанова Наима дар мавзӯи ” Омӯзиши масъалаҳои бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат дар соҳаи саноати кӯҳӣ” ва омӯзгорон Набиева Д., Додохонов М., дар мавзӯоти мухталиф суханронӣ намуданд.

Дар интиҳо муовини ректор профессор Умарҷонов Абдусафо ба масъулин ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои бузурги илмӣ дастуру пешниҳод дод.