Оғози маъракаи ниҳолшинонӣ дар донишкада

Имрӯз, зери роҳбарии муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин дар донишкада маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз гардид.
Дар маъракаи ниҳолшинонӣ муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин, раиси иттифоқи касабаи донишкада Давлатов Давлатмаҳмад, декани факултети металлургия Шамсиддинов Шӯҳрат, сардори қисм маъмурию хоҷагидорӣ Розиқов Абдусамад ва дигар омӯзгорону донишҷӯён ширкат варзида, чаҳор дарахти арчам ҳамешасабз шинониданд.
Ёдовар мешавем, ки дарахтҳои арча бо ташаббуси декани факултети металлургия Шамсиддинов Шӯҳрат ба донишкада оварда шуд.