Таҷлили Меҳргон дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

ИМРӮЗ дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ягона донишкадаи соҳавӣ дар ҷумҳурӣ Иди меҳргон бо ташаббуси сохтори тарбия ва ширкати ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ таҷлил карда шуд.
Чорабинии идонаро нахуст муовини ректор оид ба тарбия Аминҷонова Мавлуда ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо Иди Меҳргон табрик намуд. Сипас, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ суханронӣ намуда, аз эҳёи ҷашнҳои миллӣ ёдовар гардида, чанд байт аз осори Рӯдакӣ қироат намуд. Ҳамзамон, ректори донишкада кулли ҳозиринро ба Иди Меҳргон табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон муваффақияту барор ва дӯстиву самимияти афзун таманно намуд.
Ректори донишкада зимни суханронӣ аз дастовардҳои донишкада ёдовар шуда, ба омӯзгорону профессорон изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Ҳамчунин, ректори донишкада аз дастархони оростои факултетҳо дидан намуда, ба деканҳои факултет баҳри омодагӣ ва ташкили ин маърака сипос гуфт.
Инчунин, баҳри ҳозирин бахшида ба Иди Меҳргон аз ҷониби ансамбли “Ҷилои Ёқут”-и донишкада чорабинии фарҳангӣ манзури ҳозирин гардонида шуд, ки табъи ҳамагон болида гардид.
Дар интиҳо ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба сохтори тарбия ва тамоми ташкилкунандагони чорабинӣ изҳори миннатдорӣ баён намуда, аз ҳамагон даъват намуд, ки дар гузаронидани ҷашну идҳои миллӣ фаъол бошанд.