Изҳороти устодони кафедраи таҷҳизот ва технолгияи мошинсозӣ: Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ифротияти ТЭТ ҲНИ бохабар гашт

Тибқи маълумоти ба даст омада, имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ба омӯзиш ва таърихи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ пардохта аз воқеиятҳои солҳои 90-ум ва махсусан амалҳои террористии ТЭТ ҲНИ огоҳ гардид. Ҳамон гуна, ки маълум аст дар чанд соли охир аъзоёни ТЭТ ҲНИ бегуноҳии худро пинҳон кардани шуда аз воқеиятҳои кишвар сарфи назар намуда, хостанд насли наврасро гумроҳ созанд. Аммо миллати тоҷик аз воқеият ва даҳшатҳои ТЭТ ҲНИ, ки солҳои фаъолияташ ба сари мардум овардааст, сарфи назар нанамуд ва аъзоёни ин ташкилоти террористиро набахшид.

Ҳамин буд, ки аъзоёни ТЭТ ҲНИ ба пинҳонӣ аз кишвар фирор намуданд ва ҳамон гуна, ки метавонистанд дар кишварҳои хориҷа паноҳанда шуданд ва террористу ифротгаро будани худро пинҳон намуданд. Тибқи аъмоли бад ва нияти нопокашон аъзоёни ТЭТ ҲНИ ҳарчанд аз кишвар берун шуда бошанд ҳам, аммо дасисабозиву иғвобарангезиро бар зидди миллат бас накарданд.

Онҳо дар сомонаҳои иҷтимоӣ ва саҳифаҳои алоҳидаи худ дар интернет ҳар рӯз маълумотҳои бардурӯғро нашр намуда, ахбори хусусияти ифротӣ доштаро тарғиб менамуданд,  ки аз ин нияти нопокашон ҷомеаи ҷаҳонӣ огоҳ гардид.

Мо омӯзгорони кафедра ин рафтори ноодилонаву хиёнаткоронаи аъзо ва пайравони ТЭТ ҲНИ-ро маҳкум намуда, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ гуфтани ҳастем, ки аз ин заҳрпечаки аср, канораҷӯйи намоянд.