ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ НЕРӮЕСТ АЗИМ

Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобали табдил ёфта, аҳли чомеаро  ба ташвиш овардааст.  Мо худ шоҳидем, ки баъзе гуруҳҳо дар як катор давлатҳо  мехоҳанд бо ҳар роҳу восита  ниятҳои нопоки худро  амали созанд.  Чуноне, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  пайваста дар мулоқоту суханрониҳо  ёдрас мешаванд, ки халқи тоҷик  танҳо дар ҳамбастагӣ  ва ваҳдату ягонагӣ  метавонад армонҳои  ҳазорсолаи  соҳибватану  соҳибфарҳанг  буданро амалӣ  созад.  Барои амалӣ гардидани ин мақсадҳо  беш аз пеш  арзишҳои ватандорию  ватанпарастӣ  бояд миёни ҷавонон  тарғиб карда шаванд. 

        Максади  муҳими мо ин ҳифз кардан ва таҳким бахшидани давлатдории милли мебошад. Аз ин лиҳоз вазифаи чонии мо ин масъалаи ҳифзи давлату давлатдори, таъмини амнияти кишвар  ва нигоҳ доштани  субботу оромии  чомеаро бояд фаромуш насозем. Мо мардуми тоҷик дар атрофи Пешвои миллат, асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гашта, барои расидан ба қуллаҳои баланди сулҳу субот ва амнияту шукуфоии Ватани азизамон  – Тоҷикистон  пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳем. Дар ин ҷода ҷавонони мо низ, ки ояндаи миллатанд, ҳиссаи худро гузошта истодаанд.

Вале дар ҷомеа нафароне низ ҳастанд, ки пешравию шукуфоии кишвари азизамонро дидан нахоста, таҳдидҳоро ба миён оварда, бехатарию субот ва осудагии кишварро халалдор мекунанд.

Яке аз сабабҳои ба ин гуруҳҳои тундрав шомил гаштани мардум, алалхусус ҷавонон ин нокифоя будани дониши илмиву дунявӣ, сиёсӣ ва номукаммал фаҳмидани дин аст. Дар муқобили терроризм ва экстремизм аз ватандӯстӣ ва инсондӯстӣ дида дигар қувваи бурге нест. Пеши эҳсоси бегонапарастиву инсонбадбиниӣ ва даҳщатафканиро маҳз ҳамкории аҳли илму маърифат, воли дайн ва уламои дин гирифта метавонад. Барои ин ватандӯстию инсондӯстиро ба меҳвари мафкура табдил додан зарур аст, то аз терроризму ифротгароӣ ҷилавгирӣ шавад.

Баъзе ҷавонон бо сабаби ноогоҳии сиёсӣ ва надонистани ҳуввияти милливу эҳсоси ватандӯстию инсондӯстӣ оқибати рафтори худро дарк накарда, ба ин роҳ мераванд ва ба Ватану миллат хиёнат мекунанд. Бояд моён шахсиятҳои бофарҳанг бар зидди ин ифротгароён мубориза барем. Ба ҷавонон бештар оиди зиён ва кори зишти гуруҳҳои манфиатҷӯй сӯҳбатҳо ва ҳангоми машғулиятҳо дар бораи мафкураи вайрони ин гуруҳҳои ифротгаро маълумот диҳем.

Ба ин хотир мо –чавонон бояд пайрави  гояҳои башардустонаи Пешвои муаззами худ бошем, аз гаравиш ба чунин ҳизбу ҳаракатҳо дури чуем ва чунон, ки Сарвари давлат борҳо таъкид карданд,  зиракии худро аз даст надиҳем. Харчанд муковимат бар зидди терроризму эктремизм вазифаи асосии макомоти ҳифзи ҳукук ва сохторҳои кудратист, вале алайҳи ин вабои аср муборизаи дастчамъона мебояд. Ва дар сафи пеши он бояд чавонон карор дошта бошанд. Зеро маҳз насли наврасу чавон ҳамчун кувваи пешбарандаи чомеа шинохта шудааст ва ояндаи неки хар давлату миллат дар дасти онҳост.

 

Ассистенти кафедраи забони давлати

                  ва забонхои хоричи

                      Баромбекова З.С.