САҲМИ ТОҶИКОН ДАР ҒАЛАБА БАР ФАШИЗМ ДАР ҶАНГИ ДУЮМИ ҶАҲОНӢ

Рӯзи Ғалаба на танҳо ба собиқадорони ҷангу меҳнат ва шахсони калонсол, балки барои наслҳои наврас ва ҷавони имрӯза низ гиромӣ мебошад, зеро он нишонаи олии ватандӯстиву фидокорӣ ва сабақи бузурги шуҷоату мардонагӣ ба хотири ҳимояи Ватан ба ҳисоб меравад.

Эмомалӣ Раҳмон

Санаи 1-уми сентябри соли 1939 Ҷанги дуюми ҷаҳон сар шуд. Сабаби саршавии ҷанг ин аз сари нав тақсим кардани ҷаҳони тақсимшуда буд. Ташаббуси кори ин тақсимот Германияи фашистӣ ва иттифоқчиёни ӯ Италия ва Япония буданд. Баҳонаи саршавии ҷанг ин ҳуҷуми Германия ба Полша гардид. ИҶШС ҳам ба ин ҷанг ҳамроҳ шуд. Ҳадафҳои асосии ба ин ҷанг ҳамроҳ шудани ИҶШС ин баргардондани Белоруси Ғарбӣ, Украинаи Ғарбӣ ва Бессарабияи Ғарбӣ ба ҳайати Белорус, Украина ва Молдова буд. Ин ҳудудҳо ҳоло соли 1918 мувофиқи шартномаи Брест ба ҳайати Полша, Венгрия, Руминия ва Германия дохил гардида буданд. Акнун ИҶШС аз вазъияти байналхалқии ба вуҷуд омада истифода бурда, ин минтақаҳоро баргардониданӣ шуд. Ва баъди ба ҷанги зидди Германия дохил шудани Англия ва Франсия ИҶШС ҳам бе эълони ҷанг қӯшунҳои худро ба Белоруси Ғарбӣ, Украинаи Ғарбӣ ва Бессарабияи Ғарбӣ даровард. Ба њаракати қӯшунҳои шуравӣ дар ин минтақа миллатгароён муқобилият нишон доданд. Вале қӯшуни шуравӣ бе ягон душвории ҳарбӣ минтақаҳои номбурдаро ишғол намуд. Дар ин ҷангҳои кӯтоҳмуддат намояндагони Тоҷикистон ҳам иштирок доштанд. Аз ҷумлаи онҳо Ҳодӣ Кенҷаев, Фатҳулло Аҳмадов, Амиралӣ Саидбеков, Ӯрунбек Яъқубов, Олим Ҳакимов ва садҳо дигаронро номбар кардан мумкин аст. Ҳамаи номбаршудагон дар солҳои 1943 – 1945 ба унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сазовор гардидаанд.

Ёдрас намудан зарур аст, ки аз ҷангномаи фиристодагони Тоҷикистон дар ибтидои ҷанг номҳои Ҳодӣ Кенҷаев дар муҳорибаи Смоленск, Н. Илёсов дар Керч хело машҳур аст. Дар ҷанг барои Смоленск Ҳ. Кенҷаев барои шуҷоати ҷангӣ нишон доданаш бо медали «Барои шуҷоат» мукофотонида шуда буд. Н. Илёсов бошад, ҳамроҳи ҳамяроқонаш дар гарнизони зеризаминии (корхонаи сангрезакунии) Азимушкаи Керч зиёда аз чор моҳ муқобилият нишон дод.

6 июли соли 1941 тӯпчии ӯротеппагӣ М. Иброҳимов қаҳрамонии бемислу монанд нишон дода, дар як муҳориба 14 автомашина ва 6 танки душманро маҳв кард. Барои ин корнамоӣ ба ӯ ордени Ленин доданд ва ӯ аввалин тоҷикест, ки ба чунин мукофоти олӣ ноил гардидааст. Эргаш Рӯзиеви хуҷандӣ ки ӯ ҳам тӯпчӣ буд, дар вақти қафонишинӣ ҳамроҳи 11 нафари дигар ба муҳосира афтода 13 шабонарӯз дар қафои душман ҷанги тан ба тан карда, аз муҳосира баромад. Барои ин корнамоӣ ва ҷасоратҳои минбаъда ӯ аз дасти маршал Чойболсан мукофоти олии Муғулистон – ордени «Ситораи Қутб» – ро гирифта буд.

Номи фарзандони тоҷик А. Собиров, К. Хушвақтов, А. Қаландаров, Г. Нуров, Ш. Назаров ва ҳазорони дигар дар таърихи ибтидои ҷанг сабт аст.

Саҳми тоҷикон дар Ғалаба бар фашизм дар ҶДҶ ҳам дар набардҳо ва ҳам ақибгоҳ хеле бузург аст. Аз 300 ҳазор нафар намояндагони Тоҷикистон, ки дар мубориза бар зидди фашизм дар ҶДҶ иштирок намуданд, 92 ҳазор нафар аз ҷанг барнагаштанд. Тоҷикистониён дар муборизаҳои ҶДҶ дар радифи халқу миллатҳои гуногуни собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон дода, беш аз 56 ҳазор ҳамватанони мо ба гирифтани ордену медалҳо, 54 нафар ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, 15 нафар бо се дараҷаи ордени «Шараф» сарфароз гардиданд. Ҷанги дуюми ҷаҳон дар саҳифаи таърихи башарият ҳамчун ҷанги пурдаҳшат сабт гардидааст, зеро ҷуғрофияи набардҳояш бузург ва фоҷеабортарин буда, дар он 110 миллион нафар сарбозону афсарон аз кишварҳои гуногун ба майдони набардҳо сафарбар гардида буданд. Дар ин ҷанг дар паи ба харобазор табдил додани садҳо деҳаю шаҳрҳо, инчунин 50 миллион нафар қурбон гардиданд, ки ин дар таърихи башарӣ талафоти бузургтарин мебошад.

Дар рӯзҳои ҷангӣ ҳамватанони мо содиқона ҷонфидоӣ намуда, барои ҳифзи ватан ва ғалаба бар душман тамоми қудрату тавоноии худро сарф намудаанд.

О. Зардушт

ДКМТ