Тағйироти кадрӣ дар факултети корҳои кӯҳӣ

Имрӯз, тибқи фармоиши ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ мудири кафедраи геология ва корҳои нафту газ иваз карда шуд, ки ба ҷойи профессор Олимов Абдумалик олими ҷавон номзади илмҳои техникӣ Мирбобоев Шуҳрат таъин карда шуд. Муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин ба профессор Олимов Абдумалик ҷиҳати фаъолияти пурсамар ва заҳматҳои шабонарӯзӣ изҳори миннатдорӣ баён намуда, таъки дошт, ки профессор Олимов Абдумалик аз хоксортарин олимони донишкада ҳастанд, ки бо тамоми ҳастияшон барои пешрафти кор ҳамеша талош менамуданд ва дар ин замина шогирдони зиёдеро тарбия намудаанд. Ҳамчунин, чандин озмоишгоҳҳо сохтаанд, ки мо ҳаргиз ин хидматҳои Олимов Абдумаликро фаромӯш намесозем. Сипас, декани факултети корҳои кӯҳӣ Самадова Гули, раиси  иттифоқи касабаи донишкада Давлатов Давлатмаҳмад, сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус Сулейманова Назокат ва профессори кафедра Анвар Отаев суханронӣ намуда, аз шахсияти беҳтарин ва омӯзгори ҷонфидо будани Олимов Абдумалик ёд намуданд ва барои ҳамкории нек ва иззату эҳтиром изҳори сипосмандӣ намуда, ҳамчун рамзи эҳтиром ба Олимов Абдумалик ҷомаву тоқӣ пӯшонида бо гулдаста, гусел намуданд.

Ҳамзамон, профессор Насриддинов Замониддин ба  Мирбобоев Шӯҳрат сухан дода, сипас чанд машварат баҳри пешбурди кор ба ӯ нисор намуданд. 

Ёдовар мешавем, ки профессор Олимов Абдумалик аз беҳтарин омӯзгорон ва таҷрибадорони кафедра буда, бештари вақти хешро баҳри пешрафти кори кафедра ва тарбияи шогирдон сарф намудааст ва имрӯз дар байни шогирдон обрӯву эътибори баландеро соҳиб мебошад.

Шуъбаи иттилоот