Тағйироти кадрӣ дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

Имрӯз, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ барои таъйини  мутахассиони соҳа ба  вазифаҳои холӣ дар донишкада, кадрҳои тозатаъйинро ба ҳузур пазируфтанд. 

Ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалиро дар мулоқот бо масъулон ва мудирону сардорони раёсату марказҳои тозатаъйин муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Умарҷонов Абдусафо, сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус Сулейманова Назокатхон, раиси иттифоқи касаба Давлатов Давлтамаҳмад ҳамроҳӣ намуданд.

Зимни мулоқот, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ таъкид намуд, ки ба шумо ҳайати профессорию омӯзгорӣ бовар намудааст ва ин ҷо мо шуморо ба ин вазифаҳои пурмасъулият бовар намуда, таъйин намудем ва садоқатмандона масъулияти худро иҷро намоед.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз сардори раёсати илм ва инноватсия Раҳимова Шаҳноза, сардори маркази зеҳни сунъӣ ва ташхиси компютерӣ Шербоев Муродҷон, мудири кафедраи фанҳои табиӣ-илмӣ Ҳоҷиев Саидмуқбил, мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ Абдуллоев Икром  таъйин гардиданд.

Шуъбаи иттилоот