Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аз ҷараёни фаъолияти китобхона хабар гирифтанд

Имрӯз, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аз ҷараёни кори китобхона ва бинои бойгонии китобҳо боздид ба амал оварданд. Роҳбари донишкада нахуст бо донишҷӯёни дар китобхона ҳузур дошта, мулоқот намуда, аз ҳолу аҳвол ва шароити китобхона пурсон шуданд. Сипас, аз донишҷӯён ҷиҳати беҳтар намудани шароити китобхона ва мутобиқ сохтани он ба талаботи муосир дархост намуданд, ки пешниҳодҳои хешро ба унвонии ректори донишкада ирсол намоянд.

Баъдан, аз директори китобхона Танжихолова Шаҳнозахон дархост ба амал оварданд, ки имкониятҳои нигоҳдории китобхонаро ба мо нишон диҳад. 

Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аз бойгонии нигоҳдории китобҳо дидан намуда, дастур доданд, ки маркази мазкур ба таври фаврӣ таҷдиду азнавсозӣ карда шавад, то дар китобхона шароити беҳтари кору фаъолият ва хидматрасонӣ фароҳам ояд.

Ҳамзамон, ба масъулони китобхона тавсия дода шуд, ки зудтар китобҳои муҳими соҳавиро дар гунаи электронӣ манзури донишҷӯён гардонанд.

Шуъбаи иттилоот