Раёсати ҷавонон ва варзиш дар вилояти Суғд ҷавонони фаъоли донишкадаро қадр кард

Рӯзе қабл дар минтақаи истироҳатии  маъруф ба “Баҳористон”-и шаҳри Гулистон ҷавонони фаъол аз донишкадаву донишгоҳҳо ва коллеҷу шуъбаву бахшҳои кор бо ҷавонон ҷамъ омада буданд ва дар он ҷо семинар низ баргузор гардид.

Дар ин миён ду нафар аз Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон низ ширкат намуданд ва аз ҷониби сардори раёсати ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд бо сипосномаву туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Дар ин бора сардори бахши кор бо ҷавонони донишкада Насриддинов Шаҳбоз ба шуъбаи иттилоот хабар дод.

Шуъбаи иттилоот