Ташрифи волидайн баҳри ҳолфаҳмӣ ба донишкада

Имрӯз дар толори калони донишкада вохӯрии роҳбарияти факултаи корҳои кӯҳӣ бо волидайни донишҷӯёни ҳамин факултет баргузор гардид, ки дар он муовини ректор оид ба корҳои тарбия Аминҷонова Мавлуда, декани факултети корҳои кӯҳӣ Самадова Гулӣ, муовини декан оид ба корҳои тарбияи факултет Холбоев Рафиқҷон ширкат ва суханронӣ намуданд.

Нахуст Аминҷонова М. роҳбарияти факултетро ба меҳмонон муаррифӣ намуда, сипас дар бораи оқибатҳои бадӣ хурофотпарастӣ ва гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ки бар тамоми насли башар хатар эҷод мекунад, маърӯза хонданд.

Ҳамчунин, дар вохӯрии имрӯза, ки муколамаи озод байни волидайни донишҷӯён ва омӯзгорону садорати факултет сурат гирифт, масоили баҳсталаб ва мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Шуъбаи иттилоот