Тарғибу ташвиқи донишкада дар шаҳри Панҷакент

 Тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон аз санаи 19.01.2022с. ҷиҳати бурдани  корҳои ташвиқотию тарғиботӣ ва мулоқот бо хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Панҷакент сафарбар гардидем. 

 Мувофиқи нақшаи ташвиқот ва тағриботи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон баҳри муаррифӣ намудани донишкада бо хатмкунандагони соли таҳсили 2022-2023 санаҳои 19-20-21-22.01.2022 сол дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии зерини шаҳри Панҷакент 8, 28, 29, 40, 61 ва № 94 мулоқоту машваратҳо гузаронидем.

 Шумораи умумии хатмкунандагони макотиби миёна дар имсол 293 нафар мебошад.

 Дар онҷо бо ҳозирин суҳбат намуда, оид ба интихоби касб, бартарияти ихтисосҳои равияи кӯҳию металлургӣ, технологияҳои мошинзозӣ, энергетика, геология, коркарди канданиҳои фоиданок, ҳифзи муҳандисии муҳити зист ва ҳамлу нақли борҳо маълумотҳо дода шуд. Қайд карда шуд, ки дар Паёми президенти малакат солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» эълон карда шуд, ки донишкадаи мо, низ барои тайёр намудани мутахассисони соҳаи саноат омода аст. Инчунин, маълумотномаи мухтасар дар бораи корхонаҳои саноатие, ки дар ин минтақаи Зарафшон ҷойгир шуда, фаъолият менамоянд изҳори ақида карда шуд. Барои ҳар як хатмкунанда, буклет – маълумотномаи муфассал дар бораи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва ихтисосҳои он, ки бо забони тоҷикӣ тартиб дода шудаанд, тақдим карда шуд. Дар интиҳо ба саволҳои пайдо шудаи ҳозирин ҷавобҳои қонеъкунанда дода шуд.

Ғаффоров Х.

Хӯҷамов С.