Ҷаласаи фаврии муовини аввали ректор Насриддинов З.З.

Имрӯз, муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин бо мураббиёни гурӯҳҳои академикӣ ҷаласа баргузор намуд. Дар ҷаласа муовини ректор оид ба тарбия дотсент Аминҷонова Мавлуда, деканҳои факултетҳои корҳои кӯҳӣ Самадова Гулӣ, металлургия Шамсиддинов Шӯҳрат, иқтисодиёти саноатӣ Саидов Мустафохон низ ҳузур доштанд, ки масъаларо баррасӣ намуданд.

Зимни суханронӣ муовини аввали ректор профессор  Насриддинов З.З. қайд намуд, ки ҷаласаи мазкур тибқи дастури ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ  сурат гирифт ва имрӯз, роҷеъ ба тарбияи ҳуқуқии донишҷӯён, риояи ахлоқи намунавии донишҷӯ, ширкати фаъол дар дарсҳо ва маҳфилу семинарҳои соҳавӣ, ҳамчунин риоияи либоси ягонаи донишҷӯ сухан меравад.

Ҳамзамон, имрӯз ки оғози нимсолаи дуюми соли таҳсил аст,  ҳарчанд тамоми донишҷӯён  ваксина гирифтаанд боз хуб мешавад, ки як маротиба бо ҳама донишҷӯён корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирӣ аз гирифторшавӣ ба бемории КОВИД-19  фаҳмонида шавад, то раванди дарс халалдор нагардад ва ҳама  чораҳои бехатарӣ аз лиҳози тиббӣ таъмин карда шавад. 

дар интиҳо суолу ҷавоб ва масъалагузориҳо сурат гирифт, ки ба ҳамааш масъулон посухҳои амиқ доданд.

Шуъбаи иттилоот