Тамошои ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар донишкада

Имрӯз, омӯзгорону кормандони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи калони донишкада ҷараёни иродаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро тамошо намуданд.
Нахуст ҳозиринро муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин хайрамақдам гуфта, изҳор дошт, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳнамои миллати тоҷик аст ва тамошои он барои мо раванди нави рушди меҳанро бозгӯ менамояд.
Баъдан, ҳамагон ироаи Паёмро мустақиман тамошо намуданд.
Ҳамчунин, дар факултетҳои электромеханика, корҳои кӯҳӣ ва металлургия омӯзгорону донишҷӯён ироаи Паёмро дар толорҳои факултаҳо ва синфхонаҳо ба тариқи мустақим тамошо намуданд.

Шуъбаи иттилоот