Тамошои ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби омӯзгорони донишкада дар шаҳри Минск

Тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, ҷараёни ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар мустақиман пахш гардид ва омӯзгорони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон аз шаҳри Мински Ҷумҳурии Белоруссия тариқи интернет ҷараёни ироаи Паёмро тамошо намуданд.
Дар ин бора аъзои ҳайати омӯзгорони донишкада дар шаҳри Минск Бобоев Шӯҳратҷон ба шуъбаи иттилоот хабар дод.


Шуъбаи иттилоот