Зодрӯз хуҷаста бод, муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ!

Имрӯз, яке аз шахсиятҳои фаъоли ҷомеа фарзанди фарзонаи диёр, роҳбари меҳрубон ва хоксор Бахтиёр Маҳмадалӣ зодрӯз доранд.
Бахтиёр Маҳмадалӣ аз замони қадам гузоштан ба донишкада ободкориву созандагиро пеш гирифта, дар донишкада хеле корҳои некро ба сомон расониданд.
Ҳамчунин, барои дастгирии олимони ҷавон пайваста талош менамоянд. Барои олимоне, ки дар донишкада рисолаи номзадӣ ҳимоя менамоянд 10000 сомонӣ ва барои онҳое, ки рисолаи докторӣ дифоъ мекунанд 20000 сомонӣ муайян намуданд, ки то дер боз набуд. Ва ин аз намунаҳои ғамхории эшон ба илм мебошад.
Аз ҳама муҳим одамгарии Бахтиёр Маҳмадалӣ аст, ки ҳамеша мехоҳад ба тамоми кормандон, ёру рафиқон дасти мадад дароз намояд.
Аз ҳолу аҳволи кормандон пайваста мепурсад.
Ва ҳамин хел аз ҳоли ҳама огоҳ мегардад ва инсонияти волоро соҳиб аст, Бахтиёр Маҳмадалӣ!
Умуман, Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ аз мактаби бузурги идорӣ гузаштаанд ва ҳамеша талош мекунанд, то шогирдони меҳандӯст, ҷонфидо ва содиқро тарбия намоянд, ки аллакай шогирдони хуб ҳам доранд.
Ҳамеша, аз кормандон хоҳиш мекунад,то ошкоро гап зананд, камбудиро гап зананд ва доим мегӯяд, ки маро ҳурмат накунед, корро ҳурмат кунед, масъулиятатонро содиқона иҷро кунед, ки ин хислат на ба ҳар кас даст додааст.
Бештар талош мекунад, то барои пешрафт ва рушди соҳа саҳме гузорад ва мутахассисро сахт эҳтиром мекунад, ки ин аз маҳорати баланди роҳбарияш вобаста аст.
Ва ҳамин ҷо ба Бахтиёр Маҳмадалӣ ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон саодатмандиву сарбаландӣ хоста, барояшон дар корҳо муваффақияту барор ва дар ҳаёт тамоми хӯшиҳои зиндагиро таманно менамоем! Садсола шавед, роҳбари қадрдон!
Милод муборак!