Дарси амалии донишҷӯёни заргар дар корхонаи “Зари Суғд”

Имрӯз дарси амалии донишҷӯён аз фанни “Техника ва технологияи ҷавоҳирот” зери роҳбарии омӯзгор Фаридаи Амонулло дар корхонаи заргарии “Зари Суғд” баргузор гардид.
Омӯзгор Фаридаи Амонулло ба донишҷӯён аз техникаҳои истифодашаванда ва технологияи коркарди ҷавоҳирот, раванди корӣ, истифода аз маснуоти заргарӣ сухан гуфта, ҷараёни кори таҷҳизоти корхонаро ба донишҷӯён фаҳмонид.
Донишҷӯён аз наздик ба кори таҷҳизот ва ҷараёни корӣ шинос гардида, худ низ сохтани масолеҳи заргариро таҷриба намуданд.

Ёдовар мешавем, ки аксарияти дарсҳои амалии донишҷӯёни донишкада дар корхонаҳои истеҳсолӣ баргузор мегардад.