Табрикоти ҳамкорон ва ҳамдиёрон

Бахшида ба муносибати 15 – солагии таъсисёбии Донишкадаи кӯҳӣ – металлургии Тоҷикистон

Муҳтарам аҳли зиёиён ва донишҷӯёни Донишкадаи куҳӣ – металлургиии Тоҷикистон! Боиси ифтихор аст, ки имсол таҷлили 15 – солагии таъсисиёбии боргоҳи имлу маърифат – Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, дар арафаи таҷлили ҷашни фархундаву хуҷастаи умумимиллиамон – 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардида истодааст, воқеан ин амр фоли нек ва далели манзалати олии маърифатии ин боргоҳи илму ирфон ба шумор меравад.
Ин санаи мубораку хуҷастаро аз номи ҳайати омӯзгорону кормандони Муассисаи таълимии давлатии мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон таҳният гуфта, ба кулли устодону донишҷӯён, ҳайати профессорон ва кормандон сиҳатмандии комил, зиндагии шоиста ва фатҳи қуллаҳои баланди илмиву маърифатиро таманно дорем.

Дар солҳои фаъолияти худ донишкада ба як даргоҳи бонуфузи илму маърифати мамлакат табдил ёфта, дар он масъалаҳои тарбияи мутахассисони баландихтисос дар асоси талаботи амалии соҳа ҳаллу фасли худро ёфтаанд.
Таваҷҷӯҳ ба саҳифаҳои рангини пурбаракоти фаъолияти донишкада бозгӯ аз он аст, ки ҳузури ин мактаби нерӯманди олии мамлакат бо рӯйдодҳои бузурги давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон пайванд мегирад.

Дар замони соҳибистиқлолии кишвари азизамон зери роҳбариву раҳнамоии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди босуботи илму маърифат, бунёд ва азнавсозии муассисаҳои таҳсилоти олӣ, омода намудани мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯ ва рақобатпазир ба талаботи бозори ҷаҳонӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар ҳамагуна муассисаҳои таълимӣ таваҷҷуҳи хоса ва тадбирҳои шоиста амалӣ гардида истодааст.

Дар иҷрои рисолати бузург ба ҳар яки Шумо – устодону донишҷӯёни азиз барору комёбиҳо таманно намуда, бори дигар ҳамаи шумоён ва кулли кормандони соҳаи маориф ва мактабҳои таҳсилоти олии кишварро бо ҷашни ҳуҷастаи 15 – солагии таъсисиёбии маҳзани илму маърифат – Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон муборакбод мегӯем!

Бо эҳтиром:
Маъмурияти мактаби Преизеднтӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон