СУЛҲУ ВАҲДАТ МАРОМИ МОСТ

Боиси қаноатмандист, ки мардуми сарбаланду мувафақи тоҷик дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  муттаҳид гашта, барои расидан ба қуллаҳои баланди сулҳу субот ва амнияту шукуфоии Ватани азизамон  – Тоҷикистони соҳибистиқлол  пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Вахдат калимаест, ки бо маънию охангаш шахсро ба  ягонагӣ ва  муттаҳидӣ  даъват  мекунад. Аз қадимулайём мардум барои осудаву ором зиндаги кардан ва беҳбудии ҳаёт умр ба cap мебурданд. Онҳо баробар кор мекарданду ризқу рӯзияшонро ҳам барбар бо ҳам медиданд. Инсоният бидуни ягонагиву баробари ба мартабаи имрӯзаи худ расиданаш номумкин аст. Маҳз ваҳдат инсониятро ба қуллаҳои баланди тараққиёт расонидааст.

Агар ба таърихи халқи тоҷик назар афканем мебинем, ки барои давлату давлатдориро пеш бурдан ва тараққи додан халқ ҳамеша роҳи ваҳдатро пеш гирифтааст. Сарони давлати абарқудрати Сомониён ҳамеша кӯшиш мекарданд, ки дар қаламрави давлаташон баробариву бародарӣ ҳукмфармо бошад, зеро хар ҷое, ки ягонагист, сулҳ низ он ҷост. Ҳар ҷое, ки сулҳ аст, амонию баракат низ он ҷост. Пас аз истиқлолияти кишвари мо бо дахолати қувваҳои беруна дар байни мардум парокандаги ба вуҷуд омад, ки он бар пояҳои ваҳдат зарари худро расонид. Дар Тоҷикистон ҷанги беамони шаҳрванди ба амал омад, ки он хароби, марг ва бесарусомониро ба вуҷуд овард.

Имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат, инчунин, дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҷавонони бонангу номус содиқона хизмат ва кору фаъолият доранд ва дар рушди иқтисоди миллӣ саҳми назаррас мегузоранд. Дар баробари ин, ҷавонон дар дохил ва хориҷи мамлакат дар бахшҳои мухталиф таҳсил карда, соҳиби касбу ихтисосҳое шуда истодаанд, ки барои Тоҷикистон зарурмебошанд.

Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд.

Боиси таассуф аст, ки бархе аз ҳамватанон бо кӯмаки аҷнабиён  барои ноором кардани вазъияти дохилии кишвар иштирок намуда, задухӯрдҳои мусаллаҳонаро  амалӣ мекунанд. Ба номи миллати тоҷик ва наздикону пайвандонашон доғ меоранд, волидайн ва аҳли байти хешро дар назди халқу миллат сархаму шарманда месозанд.

Яке аз сабабҳои ба ин гурӯҳҳои тундрав шомил гаштани бархе аз ҷавонон, алалхусус  ин нокифоя будани дониши илмиву дунявӣ, сиёсӣ ва номукаммал фаҳмидани дин аст.

Агар шахс дар ҳадди зарурӣ дониши илмиву дунявӣ ва ё фаҳмиши мукаммали динӣ дошта бошад, ҳеҷ гоҳ мутеи фикру ақидаҳои дигарон нахоҳад шуд.

Дар муқобили терроризм ва экстремизм аз ватандӯстӣ ва инсондӯстӣ дида дигар қувваи бузурге нест. Пеши эҳсоси бегонапарастиву инсонбадбинӣ ва даҳшатафканиро, маҳз ҳамкории аҳли илму маърифат, волидайн ва уламои дин гирифта метавонад. Барои ин мо бояд ҷавононро дар рӯҳияи инсондӯстиву  ватандӯстӣ  тарбия  намоем.  

 

Лаборанти  кафедраи  иқтисодиёт                            Шехова  М.