Мубориза бо терроризм ва экстремизм ҳатмист

Имрӯз, дар толори Шӯрои олимони донишкада ҷаласа оид ба пешгири шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ баргузор гардид. Ҷаласаро муовини ректор оид ба тарбия профессор Аминҷонова Мавлудахон ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, гузаронидани чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ, гузаронидани семинарҳои машвартӣ ва дигар чорабиниҳои муҳим гуфта гузашт.

Ёдовар мешавем, ки дар ҷаласаи мазкур сардорони шуъбаву сохторҳо ва бахшҳо, садорати факултету мудирони кафедраҳо ширкат намуданд.