СОЛЕ, КИ СИЁҲДИЛОНИ НАҲЗАТӢ НОКОМ ШУДАНД

Дар чанд соли охир фаъолияти душманонаи аъзоёни ТТЭ ҲНИ рӯ ба афзоиш ниҳода,  дар ин давра як қатор матлабҳои таҳқирбаромез ва иғвобарангезро ба нашр расониданд, ки аз мақсадҳои нопоки ин тоифаи бадсиришт шаҳодат медиҳад. Ҳарчанд дар ин давраи мураккаби ҷаҳонишавӣ ҷиҳати аз байн бурдани қавмҳо, миллатҳо ва кишварҳо, абарқудратҳо талош менамоянд, аммо як қатор гурӯҳҳое низ ҳастанд, ки  ба ин манфиатҷӯён мусоидат менамоянд.

Аз қабили чунин гурӯҳу созмонҳо ТТЭ ҲНИ  мебошад, ки дар чанд соли охир доманаи фаъолияти ифротии худро  васеъ намуда, ҳамчун ташкилоти ёрирасон ба душманони миллати тоҷик фаъолиятро пеш мебарад. Албатта, ба чунин рафтори ношоиста ва хиёнат фақат душманони миллат, афроди тарбиятнодида, шахсиятҳои пулпарасту ҷоҳталаб қодир ҳастанду халос.

Зеро тоифаи бадсиришт ҳаргиз барои ҷомеа манфиат намеорад ва ҳамеша дар фикри бад ва хиёнат аст.

Инро мо борҳо шоҳид будему ва ҳоло ҳам хуб дидаистодаем, ки чӣ тавр душманони миллат ва махсусан аъзоёни ТТЭ ҲНИ ба миллати тоҷик хиёнат мекунанд ва чӣ хел миллатро таҳқир мекунанд ва барои ин корашон аз хоҷагони хориҷияшон маблағ мегиранд.

Ҳамон гуна, ки зикр намудем, ин ашхоси манфури наҳзатӣ ба хотири пулу мол ба хоҷагони хориҷияшон вобаста шудаанд ва барои ба даст овардани маблағ аз хоҷагони хориҷияшон бештар рӯ меоранд ба гумроҳсозии миллат ва барои ин кор чандин сомонаву каналҳои иҷтимоӣ низ ташкил кардаанд, ки ин худ гувоҳ аз фаъолияти манфуронаву дили сиёҳи ин тоифа мебошад.

Ҳоло наҳзатиёни сиёҳдил дар хориҷи кишвар паноҳ бурда, баҳри паст намудани мақоми кишвар дар арсаи байналмилалӣ ва гумроҳ сохтани миллат зиёда аз 30 рӯзноманигорро сафарбар кардаанд, ки ҳамаи ин тоифаи бадниҳод шабу рӯз ба нашри ахбори бардурӯғ ва иғвобарангез машғуланд. Ва ин рӯзноманигорон бо дигар аъзоёни ТТЭ ҲНИ аз ҷониби хадамоти махсуси Ҷумҳурии исломии Эрон сармоягузорӣ мешаванд, ки ин худ як фаъолияти ғайриқонуниву ғайриинсонии ин бадсириштону террористони наҳзатӣ мебошад.

Тибқи иттилои ба даст омада, аз соли 2016 то соли 2018 хадамоти махсуси Ҷумҳурии исломии Эрон барои тарғиби ғояҳои террористӣ-экстремистӣ, паст задани мақоми кишвар дар арсаи байналмилалӣ ва гумроҳ сохтани мардум бо обзорҳои диниву мазҳабӣ  ба суратҳисоби роҳбари ТТЭ ҲНИ М.Кабирии палид 2 миллиону 300 ҳазор доллар гузаронидааст.

Ва аз ҷониби худ роҳбари ТТЭ ҲНИ кабирии палиду хоин вазифадор гардидааст, ки барои анҷоми ин корҳо чанд сомонаи интернетиву  телевизиону радиои террористии наҳзатро ташкил кунад ва ҳамчунин ҳам кардааст, ки мо роҷеъ ба ин масъала каме дар боло гуфта гузаштем.

Аз як ҷониб агар чунин амал хиёнати рӯирости наҳзатиёни палид бар миллат бошад аз ҷониби дигар ин рафтор идомаи фаъолияти террористиву инсонбадбинии ин палидон ва Ҷумҳурии исломии Эрон мебошад.

Зеро аз таърих мо хуб медонем, ки аз рӯзҳои нахустини таъсисёбияш ТТЭ ҲНИ зери ҳимояи молиявии ҳамин кишвар қарор дошт ва маҳз бо дастгириву таъмини лавозимоти ҷангӣ  аз ҷониби ҳамин Ҷумҳурии исломии Эрон наҳзатиёни палид тавонистанд, ки дар кишвар ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро ташкил кунанд ва ҷони зиёда аз 150 ҳазор нафарро қурбон кунанд.

Вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда наҳзатиёни палид хиёнати бузурги худ бар алайҳи миллати тоҷикро идома дода, ин гуноҳашонро руйпӯш кардани шуданд ва барои такшилоти террористӣ-экстремистии навро таҳти унвони Паёми миллӣ такшил карданд, ки ҳадафу мақсадаш ҳамон ҳадафу мақсади нопоку ғаразнок аст.

Алабба ин соле, ки сипарӣ гардид аз ҷумлаи солҳое буд, ки дар таърихи наҳзатиёни палид саҳифаи навро кушод ва ҳамчунин чеҳраи манфуру палидонаи ин сиёҳдилонро ошкор сохт. Ва ин ошкорсозӣ ҳам ба фаъолияти ин палидон таъсир гузошт ва он қадар таъсир гузошт, ки наҳзатиёни манфур, дигар натавонистанд худро ба куҷо зананд ва чӣ тавр дар назди миллат барои худсафедкунб баҳона пеш оранд. Зеро аллакай дер шуда буд ва бояд имрӯз ё фардо ин ҳақиқат рӯ мезад ва мардум чеҳраи ин муздурон ва авбошҳои пулпарастро беҳтар мешинохт.

Мо ба ҳамаи ин зуҳуроти номатлуб ва фаъолияти ин кӯрдилони наҳзатӣ баҳои манфӣ дода, ин тоифаи разилу касифро душмани миллати тоҷик меҳисобем.

Меҳвар Абдусаломов

Омӯзгори ДКМТ