ИН ҶАҲОНРО НИГАР БО ЧАШМИ ХИРАД

Албатта шоир зери ин мисраъ бар он ишора менамояд, ки инсон бояд ҳама бурду бохт ва таҳаввултро дар зиндагӣ бо чашми ақлу хирак ва зиракиву ҳушёрӣ баҳо диҳад ва ба ҳар як масоил назари илмӣ ва ё худ илман исботшудаи худро дошта бошад.

Зеро дар шароити ҷаҳонишавӣ ва махсусан дар айни замон падидаҳои манфур ва бисёр ҳам номатлуб ҷомеаи ҷаҳониро гирифтори сардард қарор додааст ва аслан зуҳури чунин падидаҳоро беморӣ гуфтан ҳам ҷоиз аст.

Зеро падидаҳои номатлуби мисли терроризму экстремизм аслан дар худ ашхоси рӯҳан носолим ва аз лиҳози инсонӣ комилнагардидаро фаро гирифтааст, ки мо дар фаъолият ва рафтори ин манфурон инро ҳис менамоем. Ва аз ҷониюи дигар террористон ба ягон арзиши инсонӣ қоил нестанд ва ягон арзишро эътироф ҳам намекунанд, ки ин худ гувоҳ аз рӯҳан носолим будани онҳо шаҳодат медиҳад.

Ҳамчунин омилҳое низ ҳастанд, ки инсонро дар ин рӯҳия роҳнамоӣ мекунанд ва ё худ ҷалб месозад, мисоли инро мо дар рафтор ва фаъолияти аъзоёни ТТЭ ҲНИ мебинем, ки чӣ тавр ба хотири пулу мол ва  мансаб шуда, фаъолияти террористиву экстремистиро пеша намудаанд ва барои пул шуда, худ ва аҳли оилаи хешро дар хизмати хоҷагони хориҷӣ қарор додаанд.

Ҳоло ин наҳзатиёни палид ва манфуру лаин барои содир намудани амалҳои террористӣ дар қаламрави кишвар, гумроҳсозии миллат, тарғиби ғояҳои террористӣ-экстремистӣ ва паст намудани мақоми кишвар дар арсаи байналмилалӣ аз хоҷагони хориҷияшон супориш мегиранд ва ҳар рӯз аз пайи анҷом додани ин амалҳо ҳастанд.

Тибқи омори мавҷуда аз соли 1997 то соли 2016 аъзоёни ТТЭ ҲНИ дар қаламрави кишвар зиёда аз 30 амали террористӣ содир намудаанд, ки  ин нишондиҳандаи хеле баланд мебошад. Аммо ин ҷо фаъолияти авбошиву ғоратгарии ин манфурони наҳзатӣ ба таври комил ошкор нагардидааст, ки гуна амалҳо аз тарафи ин хоинон зиёд анҷом дода шудааст, ки аз ин бештар шаҳрвандони оддӣ зарар дидаанду халос.

Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди кишварро зарур меояд, ки дар  муносибат бо чунин падидаҳои номатлуб ва равандҳои зишт аз эҳтиёткориву зиракии сиёсӣ истифода намуда, нагузоранд, ки ғояҳои ифротӣ ва зидди башарӣ бар онҳо ғолиб ояд. Ва ҳини муносибат ва баҳодиҳӣ аз хиради воло истифода намуда, созмону гурӯҳҳои мисли ТТЭ ҲНИ-ро маҳкум созанд ва аз андешаҳои мафкуронаву хоинонаи онҳо наздикону пайвандонро эҳтиёт намоянд.

Меҳвар Абдусаломов

Омӯзгори ДКМТ