АЪМОЛИ ЗИШТИ АЪЗОЁНИ ТТЭ ҲНИ

Дар чанд соли пуртазоду вазнини зиндагӣ мардуми шарифи  Тоҷикистон тавонистанд бо роҳнамоиву роҳбарии Пешвои муаззами миллат ба нишондиҳандаҳои назаррас ва зиндагии шоиста сазовор гарданд. Имрӯз сокинони кишвар зери аркони демократияу озодбаёнӣ ва мустақилияти хос зиндагӣ намуда, ба муваффақиятҳои баланде сазовор гардидаанд.  Ифтитоҳи як қатор мактабу донишгоҳу донишкадаҳо дар қаламрави кишвар ва тарбия намудани мутахассисони дорои малакаи дараҷаи баланди касбӣ ба беҳтар гардидани шароити зиндагии шоиста мусоидат намуд. Дар ин замина бунёди корхонаҳои бузургӣ саноативу истеҳсолӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ низ аз назарҳо дур нест, зеро дар заминаи бунёди корхонаҳои нав мо тавонистем, ки мутахассисони ҷавонро бо ҷойҳои нави корӣ таъмин намоем ва ин раванд то ҳол идома дорад. Ҷиҳати фарқунандаи дигари ин масъала дар он аст, ки бо зиёд гардидани корхонаҳои саноатӣ ва рушди тиҷорату сармоягузорӣ дар кишвар раванди муҳоҷиршавии аҳолӣ кам гардид ва ҳоло ин нишондиҳанда хеле коҳиш ёфтаистодааст, ки умед аст дар солҳои наздик ба таври комил сокинон дар корхонаҳои ватанӣ бо ҷойи кор фаро гирифта шаванд.

Ҳамакнун дар ин замина иқдомҳои Ҳукумати кишвар хеле назаррас аст ва  дар нақша ҳаст, ки дар доираи расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ, яъне саноатикунонии мамлакат шароитҳои беҳтари зиндагӣ ва кору фаъолият сокинонро интизор аст.

Ҳамон гуна, ки хуб дар хотир дорем, солҳои 90-уми асри гузашта мардум дар орзӯи як бурда нон буд ва ҳоло дигар ин масъала ба таври комил ҳалли худро ёфтаву сокинон дар пайи беҳтар намудани шароити зиндагӣ ва имкониятҳои барояшон мусоид ҳастанд, ки ин аз рӯҳболидагиву расидан ба қадру қиммати инсон ва шароити беҳтари зиндагӣ шаҳодат медиҳад.

Аммо чанд тан аз аъзоёни ТТЭ ҲНИ, ки аз ташкилкунандагони ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-ум дар кишвар маҳсуб меёбанд дар хориҷи кишвар паноҳ бурда, бо фармони хоҷагони хориҷияшон мехоҳанд, ки ин ҳама дастовардҳоро нодида гиранду миллатро гумроҳ созанд.

Зеро ин тоифаи бадсиришт, яъне наҳзатиёни лаин барои дубора ба мисли солҳои 90-уми асри гузашта табдил додани кишвар талош мекунанд ва мехоҳанд, ки миллатро гумроҳ сохта, сенарияи манфуронаву хоинонаи худро амали созанд, ки ин албатта барои касе пӯшида нест.

Тавре, ки хуб медонем, ин тоифаи бадсиришти наҳзатӣ дар хориҷ бо маблағгузории хоинони хориҷияшон сомонаҳои хабариву бунгоҳҳои журналистӣ кушода, ҳамарӯза бар алайҳи миллати тоҷик ва кишвар мубориза мебаранд ва ҳатто маводҳои бардурӯғу иғвобарангезро нашр месозанд, ки бар хилофи ахлоқи инсонист.

Ин кӯрбинони наҳзати ҳамаи дастовардҳои кишварро нодида гирифта, мехоҳанд фазои сулҳу салоҳ ва оромӣ кишварро нобуд созанд ва барои ин ҳар лаҳзаву ҳар дақиқа бо фармони хоҷагони хориҷияшон матлабҳои бардурӯғро ба нашр мерасонанд. Онҳо ҳатто дурӯғу туҳматро аз обзорҳои аслии муборизаи худ қарор дода, ошкоро ба гуфтани дурӯғ ба худ иҷозат медиҳанд, ки ин ҷо мусалмонии худи ин хоинони наҳзатӣ зери суол меравад.

Зеро дурӯғ гуфтан ва ба дурӯғ ҳидоят намудан дар китоби муқаддаси мусалмонон маҳкум карда шудааст, аммо ин наҳзатиёни лаин, ки худро он солҳо зери ниқоби ҳомиёни ислом муаррифӣ мекарданд, имрӯз ошкоро дурӯғ мегӯянд ва ба шаъну эътибори мардум мерасанд, ки ин бар хилофи ахлоқист.

Ин ҷо суоле ба сар меояд, ки пас хислати накӯи мусалмон куҷо шуд? Ё наҳзатиён мисли дигар террористон исломро барои худ ҳамчун воситаи гумроҳсозӣ истифода намудаанд?

Ин албатта сад дар сад дуруст аст ва бехаӣар будани наҳзатиёни палид аз аркони исломро касе инкор намекунад ва душманони дину мазҳаб будани ин бадсиришитонро ҳам нафаре инкор намекунад ва барои ин далелҳои зиёде ҳам вуҷуд дорад.

Худи ҳамин хиёнати наҳзатиён ба Ватан ва бар ивази пул қатл намудани инсонҳои бегуноҳ аллакай гувоҳ бар он аст, ки ин наҳзатиёни лаин ягон зарра шарафи инсонӣ ва имонӣ надоранд.

Пас ин тоифаи пулпарасту молпарасти наҳзатиро, ки бар ивази пул ба миллату Ватани худ хиёнат мекунад ва бар алайҳи аҳолии осоишта душмани меварзад, ҳомии дину мазҳаб гуфтан дуруст аст?

Асло не, ва ҳаргиз намешавад ин тоифаи бадсириштро ки бар хилофи аркони дину мазҳаб фаъолият менамоянд, ҳомии дину мазҳаб номид. Зеро ин лаинони наҳзатӣ бадномкунандаи дину мазҳаб ҳастанду халос.

Меҳвар Абдусаломов

Омӯзгори ДКМТ