Баргузории мизи мудаввар дар мавзӯи Паёми Пешво- раҳнамои мо”

Имрӯз, дар маҷлисгоҳи рақами 1- и донишкада мизи мудаввар дар мавзӯи “Паёми Пешво-раҳнамои мо ” бо ширкати муовини декани факултети металлургия Расулова Мунзифахон ва муовини декан оид ба илм Усмонов Шермат баргузор гардид, ки дар он донишҷӯёни муқими хобгоҳ иштирок намуданд.
Чорабиниро муовини декани факултети металлургия оид ба тарбия Расулова Мунзифахон ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ суханронӣ кард.

Сипас, муовини декан оид ба илм Усмонов Шермат дар бораи саноатикунонӣ ва азхуд намудани илму дониш дар тақвияти Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуд.
Дар интиҳо донишҷӯён ба масъулин супоришҳо дода, посухҳои амиқ гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки дар мизи мудаввар ҳамчунин, оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва дигар масъалаҳои муҳими тарбиявӣ масъулин ба донишҷӯён маълумотҳо пешниҳод намуданд.