Сипосмандии раёсати Иттифоқи касабаи донишкада ба муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмиллалӣ

Боиси хушнудӣ ва фараҳи ҳамаи мо ҳайати омӯзгориву профессории Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон аст, ки ду нафар омӯзгорони факултети металлургия Раҳимов Ҳаётқул ва Қодиров Абдурашид дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм -фурӯғи маърифат” ширкат намуда аз рӯи номинатсияи “ихтироъкорӣ” сазовори ҷойҳои дуюм ва сеюм гардиданд. 

Нахуст дар ин робита ташаббуси ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалиро низ барои ҳавасмандгардонии ғолибон бо 10000 сомонӣ ташаббуси арзандаву ғамхоронаи роҳбар номида, арзи сипос менамоям.

 Ҳайати Иттифоқи касабаи донишкада ғолибонро барои чунин муваффақияти илмӣ табрик намуда, сипас ба муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмиллалӣ  профессор Умарҷонов Абдусафо ҷиҳати тарбия намудани чунин шогирдони болаёқат ва илмдӯст изҳори миннатдорӣ намуда, профессор Умарҷонов Абдусафоро ҷиҳати ноил гардидан ба ин муваффақияти баланд табрику таҳният гуфта ба эшон саодатмандиву сарбаландӣ ва дар корҳои минбаъдаашон муваффақият таманно менамояд.

Ногуфта намонад, ки профессор Умарҷонов А.А. яке аз олимон, пажӯҳишгарони фаъол буда, маҳз бо талошҳои ӯ ва роҳбарияти донишкада академияи байналмиллалии  CDIO бори аввал дар Осиёи Миёна дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Шогирдони профессор Умарҷонов Абдусафо имрӯз ба ҷуз дар корхонаҳои саноатии Тоҷикистон боз дар корхонаҳои металлургии Ӯзбекистон, Россия, Беларусия ва Украина фаъолият мебаранд, ки ин фахри мост.  Мақолаҳои профессор Умарҷонов А.А. дар рӯзномаҳои байналмиллалӣ ба нашр мерасанд ва ин гувоҳи он аст, ки Умарҷонов А. барои муаррифии илми тоҷик низ саҳми арзандаи хешро мегузорад.

Воқеан ҳам Умарҷонов А.А. бори дигар исбот намуданд, ки метавонанд дар тарбияи насли ҷавон ва омода намудани мутахассисони варзида саҳми арзандаи хешро гузоранд.  Дар ин самт ба устод Умарҷонов А.А. барору комёбӣ ва муваффақиятҳои нав ба навро таманно менамоям.

Бо эҳтиром  раиси Иттифоқи касабаи донишкада Давлатов Давлатмаҳмад