Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ дар факултети металлургия

Дирӯз, дар факултети металлургия бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  чорабинӣ баргузор гардид, ки дар он омӯзгорону донишҷӯён ва дигар садорати факултетҳо ширкат намуданд. Чорабиниро нахуст декани факултет Шамсиддинов Ш. ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба Рӯзи Парчами давлатӣ табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон барору комёбӣ ва хушҳолӣ таманно намуд. 

Ҳамзамон, дар чорабинӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давалтӣ омӯзгорони кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ ва муовини декан оид ба тарбия Ғоибов А. низ суханронӣ намуда, аз таърих ва пайдоиши нахустин ливо маърӯза хонданд.

Сипас, чорабинии фарҳангиву фароғатӣ баргузор гардид, ки дар он барномаҳои рангини фароғатӣ манзури ҳозирин гардонида шуд.

Шуъбаи иттилоот