Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба ду нафар ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” 10000 сомонӣ тақдим намуд

Имрӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон маросими пешвози ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” баргузор гардид. Дар даромадгоҳи донишкада муовини аввали ректор Насриддинов Замониддин ҳамроҳ бо дигар муовинони ректор ва омӯзгорон Раҳимов Ҳаётқул ва Қодиров Абдурашидро пешвоз гирифтанд. Сипас, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ғолибонро дар утоқи корӣ пазируфта, ба онҳо ҷиҳати иштирок изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Дар ҷаласаи тантанавӣ, ки дар толори Шӯрои олимон баргузор шуд, ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ диплом ва туҳфаҳои хотиравиро ба ғолибон супорида ба онҳо ҷиҳати ширкат дар озмун ва соҳиб шудан ба ҷойҳои намоён 10000 сомонӣ тақдим намуд.
Ҳамзамон, ректори донишкада таъкид намуданд, ки касе, ки ба рушди илми миллӣ саҳм мегузорад, раёсати донишкада бо маблағҳои пулӣ сарфароз мегардонад.
Ёдовар мешавем, ки дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” омӯзгорони донишкада аз факултети металлургия дар номинатсияи “ихтироъкорӣ” Раҳимов Ҳаётқул сазовори ҷойи дуюм ва Қодиров Абдурашид сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Шуъбаи иттилоот