САТҲИ КОФӢ НАБУДАНИ ДОНИШ МОРО КУҶО МЕБАРАД?

Дар ҷомеа бештар таъсири манфии ғарбгароӣ хусусан дар байни ҷавонон  ба назар мерасад. Ҷавонони мо ба фарҳанги Ғарб бештар назар менамоянд. Боз як муаммое, ки дар ҷомеа мавчуд аст, ин шомилшавии ҷавонон  ба ҳизбу ҳаракатҳои характери динӣ-экстрамистӣ  дошта мебошад. Таҷриба нишон медиҳад, ки ба чунин ҳизбу ҳаракатҳо бештар ҷавононе, ки дониши кофии динӣ надоранд, шомил мегарданд. Сабабгори шомилшавии ҷавонон ба равияҳои характери динӣ-экстрамистӣ дошта  ин аз назорати  волидайн дур мондани  фарзандон мебошад.

Таълиму тарбияи насли солиму соҳибмаърифат вазифаи муқаддаси падару модарон, инчунин ҷомеа ва давлат мебошад. Аммо мутаассифона таҳлилҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки солҳои оҳир сатҳи тарбияи фарзандон то андозае паст шудаааст, дар натиҷаи бемасъулиятиву хунукназарии баъзе аз падару модарон наврасону ҷавонон  бе тарбия монда, ба корҳои ношоиста даст мезананд, дар кӯчаву хиёбонҳо аз субҳ то шом гаштугузор менамоянд, ба ҳар гуна равияҳои бегона ҳамроҳ шуда, иддае аз онҳо даст ба ҷинояткорӣ мезананд. Ақлу дили ҷавонон  нафис ва нақшпазир мебошад ва ҳар нақше, ки гузорӣ ҷавонон  зуд ба худ мегиранд. Барои ҳамин мо бояд дар таълиму тарбияи фарзанд беэътиноӣ зоҳир нанамоем.

Пеш аз қабул шуданаш Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ” дар муҳокимаи умумиҳалқӣ қарор дошт ва аксаряти аҳолии кишвар аз он тарафдори карданд. Лекин дар ҷомеаи мо имрӯз ҳаст афроде, ки қабули Қонунро напазируфтанд. Албатта аксарияти нафарони норизо шахсоне мебошанд, ки худ барои омухтани илми динӣ машғул ҳастанд, асосан қонун вобаста ба роҳ надодани иштироки фарзандони ноболиғ дар фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ ва чорабиниҳои дастҷамъонаи динӣ, инчунин   таълим дар мактабу таълимгоҳҳои ғаӣриқонунӣ ва ё дар назди шахсони алоҳидаи беиҷозатнома фаъолияткунанда  баромадҳо карда, меъёрҳои онро бо шариат ва дини Ислом дар муқоиса  гузошта, дар миёни мардум нофаҳмиро ба амал меоранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ буда, дин аз давлат ҷудо мебошад. Мафкураи ҳеч як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба хотираи давлат эътироф шавад. Албатта, таълиму тарбияи насли наврас ҳамеша аз мавзӯъҳои муҳими ҷомеа ба шумор меравад. Азбаски ҷавонон  кувваи созандаи ҷомеа ба шумор мераванд, бинобар ин онҳо бояд солимақлу соҳибмаърифат ба воя расанд.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ, хосатан кишварҳои Ховари Миёна, дар ҳоли ҳозир гирифтор ба ҳаводиси нохостаи гурӯҳу созмонҳои мухталифи тундрав, ки таҳти ниқоби дини мубини ислом ошкоро ба мубориза бархостаанд, қарор гирифтаанд. Яке аз масъалаҳои ҷиддитарини инсоният дар қарни XXI, ки бо оқиб атҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ хатари баӣналмиллалиро ба кор овардааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои ҷавонтарин ба ҳисоб рафта, 70 дарсади аҳолии онро ҷавонон ташкил медиҳанд. Дар ҳайати иттиҳоди бузурги ҷавонон соҳибони касбу кори гуногун, аз ҷумла ҳуқуқшиносону иқтисоддонҳои хуб, ҷомеашиносон, равоншиносон, соҳибкорон, ҳунармандон, омӯзгорону духтурон, варзишгарону санъаткорон ва амсоли онҳо дар радифи падарону модарони сарбаланди хеш бо шукргузорӣ аз поӣдории сулҳу ваҳдати миллӣ ва қувваи тавонои донишу малака ва нерӯи зеҳнии хешро барои рушди ҳаматарафаи иқтисодиёту иҷтимоиёт ва фарҳанги мамлакат сарф менамоянд. Махсусан дар соли ҷавонон имконияти фаррохе рӯи кор омад, ки ҷавонони соҳибҳунару соҳибистеъдоди тоҷик хешро дар назди ҷомеа муаррифӣ намоянд. Дар ин маврид боварии инсон ба фардои ободи мамлакат афзун мешавад. Аз он, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ояндаи миллат хондаанд, ин раванди ҷамъиятиро ба таври мусбӣ арзёбӣ кардан мутобиқи матлаб хоҳад буд.

Тоҷикистони ободу зеборо ҷавонон нерӯбахшанду ояндаи мусаффояшро низ онҳо муаӣян месозанд. Барҳақ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷавонон даъват ба амал меоварад, ки дар идоракунии тозаистиқлол фаъолона, бо иқдому ташаббусҳои созандагӣ иштирок менамоянд, зеро имрӯзу фардои бақои миллат, давлату давлатдорӣ дар дасти онҳост. Даъватҳои Сарвари давлат аз ҷониби кулли ҷавонон дастгирӣ меёбаду самари ин ҳамкориҳо ободиҳои зиёд, созандагиҳои рангоранги диёри азизамон мебошад, ки бо ифтихор ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунем.

“Пирӯзӣ бар тероризм танҳо бо истифода аз нерӯи низомӣ ғайриимкон аст. Аз ин лиҳоз, омилҳои воқеӣ, моддӣ ва маънавие, терроризм ҳамчун зуҳурот аз онҳо маншаъ мегирад, бояд мӯаӣян ва пурра омӯхта шаванд”, – иброз доштанд Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саммити сарони давлатҳои олами арабу ислом ва Амрико, ки дар давлати Арабистони Саудӣ рӯзи 21 маӣи соли 2017 баргузор гардид.Имрӯзҳо баъзе аз нафароне ҳастанд, ки нооромии Тоҷикистони азизи моро ноором ва халалдор кардан мехостанд ва мехоҳанд, ба монанди Алим Шерзамонов, Муҳиддин Кабирӣ, Илҳом Ёқубов, Шарофиддин Гадоев ва дигар ҳаммаслаконашон ки аз хоҷагони хориҷии худ маблағҳои пулӣ гирифта, ватани азизи хешро, ки бо  ҷоннисориҳову мардонагии родмарди некхоҳи миллати тоҷик Пешвои  Миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин рӯзҳои оромӣ расидем, боз халалдор созанд.

Он воқеаҳое, ки имрӯз дар ВМКБ ба миён омада истодаанд  корбарии бенангонаи афродҳои беватан ки ҷавонони бадахшонӣ силоҳ ба даст гирифта, даст ба куштор зада истодаанд. Шахсоне, ки ин корҳоро дастгирӣ карда истодаанд ватан, миллат ва модар надоранд. Он шахсоне ки худро дар хориҷ истода  ватандӯсти “ҳақиқӣ” мешуморанд ва дар ҳаққи миллат  “дилсӯзӣ” мекунанд  бигзор ин мардонагиро омада дар ҷойҳои зарурии ёриталаб даст дароз кунанд на ин, ки мисли рӯбоҳи пасипардагӣ хоинона амал кунанд.

 

       Ҳамин тавр терроризм яке аз зуҳротҳое мебошад, ки бар зидди амнияти башарият нигаронида шуда бартараф намудани ин падидаи номатлуб вазифаи ҳар як узви ҷомеаи инсонӣ мебошад…

 

Норов Исматулло, омӯзгори кафедраи Забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ,

Зариф Тошматов, омузгори кафедраи фанҳои гуманитари-иҷтимоӣ