Санаи 28-уми апрел даври аввали озмуни баргузор мегардад

Тибқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 03.02.2022сол, № АП -156, доир ба ташкил ва баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» дар саросари кишвар оғоз гардида аст.

Бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти нерўи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ  дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон  санаи 28-уми апрели соли 2022 даври аввали озмуни мазкур  баргузор мегардад.

Озмун аз рўи 5(панҷ) номинатсия баргузор мешавад:

  • адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ;
  • адабиёти классикии тоҷик;
  • адабиёти муосири тоҷик;
  • адабиёти ҷаҳон;
  • эҷоди назму наср;

     Озмунро устодони зерин доварӣ мекунанд:

  Раис: Маҳамадали Бахтиёр Набӣ – ректори донишкада н.и.и., профессор,

котиби озмун: Осими Оқил-сардори раёсати таълим, н.и.т., дотсент

Аъзоён: Насриддинов Замониддин Зайниддинович – муовини ректор оид ба таълим  ( муовини аввал) н.и.г., профессор,

Умарҷонов Абдусафо Абдунабиевич – муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ н.и.т., профессор,

Аминҷонова Мавлуда  Самиҷоновна – муовини ректор оид ба тарбия н.и.п.,  дотсент,

Ҷалолова Зӯҳро Абдусаломовна – кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ н.и.п., дотсент,