САМАР ҲАРГИЗ НАМЕБАНДАД НИҲОЛИ ОРЗУИ МАН

Дар доираи тадбирҳои илмӣ бо иқдоми кафедраи гуманитарӣ-иҷтимоӣ ва шуъбаи илми донишкада маҳфили навбатии илмӣ доир гардид. Оид ба таълиму тарбияи донишҷуён дар такя ба осори илмию адабӣ баҳси доманадоре сурат гирифт.

Ба андешаи дотсент Мухтор Мирзоахмедов дар осори Миробид Сайидои Насафӣ, ки ба тозагӣ 400-солагиаш таҷлил гардид дурри маъонӣ нуҳуфтааст.

Ҳавои кучагардӣ нест нест фарзанди маро бар сар,

Намеояд ба берун аз ҳарими ғунча бӯи ман,

Маро як роҳ намеояд ба бар сарви равони ӯ,

Самар ҳаргиз намебандад ниҳоли орзуи ман

Ба риштаи таҳлил кашидани ин мисраҳои Сайидо як олам ғизои маънавӣ медиҳад. Ҳангоми дарси тарбиявӣ истифодаи осори ниёгон ба манфиати беҳдошти сифати таълиму тарбия аст.