САГ БО УСТУХОН ГАЗИДАН ОШНО НАГАРДАД ҲАРГИЗ

Дар ҳошияи филми “Хиёнат”, ки чеҳраи манфури Маҳмадиқболи Садриддини террористро ифшо кард.

Агар имрӯз бар воқеияти ҳаводис ва рӯйдодҳои сиёсӣ бингарем, хуб дарк менамоем, ки ҳар як раванд ва падидаву зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир ба думболи худ бозиҳои абарқудратҳоро дорад, ки ба ин ё он самт равона шудааст.

Ҳеҷ кас ва ҳеҷ қавму миллате аз бозиҳои сиёсиву пасипардагиҳои давлатҳои ҷаҳонхоҳ ва қудратталаб дар амон нест ва ин аст, ки бештар гурӯҳҳо ва созмонҳои ифротии ба ном сиёсиву мазҳабӣ ташкил мешаванду аз худ дарак дод ва ин ҳам як ҷузъе аз бозиҳои сиёсии ҷаҳони муосир мебошад, ки душман гоҳ бо дасти худӣ ва гоҳ бо дасти бегона мехоҳад бар мо зарба занад. Мисоли ин гуфтаҳоро хонандаи матлаб метавонад дар фаъолияти аъзоёни  ТТЭ ҲНИ бараъло мушоҳида намояд. ТТЭ ҲНИ ҳам дар рӯзҳои нахустини таъсисёбияш ва ҳам дар ин рӯзҳо бар хилофи низомномаву оинномаи худ амал намуда, робитаашро бо созмонҳои террористӣ-экстремистӣ барқарор кардаасту аз пайи гумроҳ намудан ва сохтани майдони нави ҷангӣ барои гурӯҳҳои террористӣ дар талош асту мақсаду мароми давлати душмани миллати тоҷикро амалӣ кардан мехоҳанд, ки ин бисёр ҳам хиёнати бузург мебошад.

Оид ба ҳамин паҳлӯҳои норавшан ва сиёҳи аъзоёни ТТЭ ҲНИ филми мустанаде бо номи “Хиёнат” дар телевизионҳо пахш гардид, ки воқеан ҳам равзанаест барои шинохти душманони миллати тоҷик. Дар қисми сеюми филми мазкур дар бораи Маҳмадиқболи Садриддин яке аз аъзоёни фаъоли ТТЭ ҲНИ ба ном рӯзноманигор, ки пойгоҳи хабарии Ислоҳ.нетро сарварӣ менамояду барои мағзшӯии ҷомеа кӯшиш мекунад, матлабҳои бардурӯғ ва иғвобарангезро ба нашр мерасонад, низ сухан рафтаасту паҳлӯи сиёҳ ва хиёнаткории ин разили наҳзатӣ ҳам гуфта шудааст.  Аз ин ҷост, ки ин палид ва манфури наҳзатӣ имрӯзҳо ба хашм омада дар мақолаи зери унвони “Раддия ба филм-туҳматномаи “Хиёнат” №3 ”ба таърифу тавсифи худу авлодаш гузаштааст. Вале Маҳмадиқболи Садриддин аз террористони манфур ва дасисабоз фаромӯш кардааст, ки бо нашри ин тавсифномаи худаш бобову бобокалонаш боз як паҳлӯи норавшани ҷиноятҳояшро барои мардум ифшо сохтааст.

Ӯ мегӯяд “Падару бобои ман, алҳамдулиллоҳ, мардони сарватманд ва сахӣ буданд.” шояд чунин бошад, аммо чӣ тавр метавонӣ исбот кунӣ, ки падару бобояд сарватманд буд?  Ҷойи дигар овардааст, ки “ Дороияшро бо чандин чорпо оварда инҷо сарф кардааст” ва амсоли ҳамин гуна таърифоти дурӯғ. Маҳмадиқболи кавдан чӣ ту мардумро гулу гаранг фикр кардаӣ?  Кадом бобову падарат барои мардум хизмат кардааст? Магар бобову падарат тоҷик набуданд? Дороияш аз кадом ҳисоб буд? Тиллову танга дошт ё сафир дар кадом кишвари хориҷӣ буд?

Зеро ҳамон вақт, махсусан дар даврони Шӯравӣ чунин сиёсат роиҷ буд, ки як тоҷики сарватманд ва як мулкдор бояд боқӣ намонад ва Шӯравӣ дороиҳои ҳар як боймардони тоҷикро он рӯзҳо тасарруф ва худҳошонро ба зиндон ба дарозо мефиристод, ки ин пӯшида нест. Аммо чӣ хел шудааст, ки бобои Маҳмадиқболи террорист аз ин сиёсати Шӯравӣ дур мондааст?

Маълум мешавад, ки ин дурӯғи рӯирост ва бофтаи Маҳмадиқболи кавдан аст.

Дуюм, дар замони Шӯравӣ ҳатто агар як харро тоҷик мехарид бояд ба садҳо кумитаву идора ҳисобот медод ва аниқ мекард, ки аз кадом ҳисоб харидааст ва бадбахтона он солҳо чунин шароите вуҷуд дошт, ки тоҷик наметавонист зиндагии арзишманде ҳам дошта бошаду ҳамчун пулдор ном барорад. Зиндагии миёна ва моҳ андар моҳ дошт, ҳар як сокини кишвар дар он солҳо. Аммо Маҳмадиқболи кавдан мегӯяд, ки падараш доро буду аз ҳисоби пули худаш масҷид сохтааст. Вале андеша ҳам намекунад, ки ин пулҳоро падараш аз куҷо овардааст?

Он вақт ки соҳибкорӣ роиҷ набуд?

Падараш ки як ҳоҷиву бедиплом аст?

Сониян ҷойи дигар чунин ишора кардааст: “Падарам Ҳоҷӣ Қаландари Садриддинзода яке аз панҷ муассиси ҲНИТ буданд. Ифтихор мекунам, ки ҲНИТ маҳз дар хонаи мо шаҳри Қурғонтеппа таъсис дода шуда аст. Падарам кафил ва сарпарастии бевоситаи он ҳама  толибилме дар вилояти собиқи Қурғонтеппа буданд, ки он солҳо таҳсили улуми шаръӣ мекарданд ва то Душанбе сарпарастияшонро ба уҳда гирифта буданд.” Ин навишта ягон ҳақиқат надорад ва дурӯғаш борҳо дар расонаҳо исбот шудааст. Вале тааҷубовар он аст, ки чӣ хел шудааст, ки бо баёни ин андеша  Муҳаммадиқбол ошкор сохт, ки падараш дар хизмати хоҷагони хориҷии наҳзат буд?. Хуб медонем, ки он солҳо ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзатӣ исломӣ аз ҷониби созмонҳои ифротӣ маблағгузорӣ мешуд ва ин пулҳои падари Маҳмадиқбол низ аз ҳамин ҳисоб мебошад.

Дуюм манбаи даромади авлоди Маҳмадиқболи кавдан ва дасисабозу жожгӯ он аст, ки онҳо дар Афғонистон зистаанд ва мо хуб медонем, ки барои чӣ ин наҳзатиён дар он кишвари ҳамсоя маскан гирифта буданду ба зудӣ ба кишвар намеомаданд?

Падари Маҳмадиқболи Садриддини авбош ва палид бо С.А. Нурӣ дар Афғонистон муҳоҷирони тоҷикро маҷбуран нигоҳ медоштанд, то аз кишварҳои хориҷӣ кӯмакҳо дарёфт намуда ба киссаи худ зананд. Маблағҳои аз хориҷ омадаро, ки барои муҳоҷирон ва камбизоатон фиристода мешуд, ин ду саркардаи наҳзатӣ, ин ду асосгузори ҳизби террористӣ-экстремистӣ  ба киссаи худ мезаданду мардумро гумроҳ карда иҷборан он ҷо медоштанд, то пули бештар ба ҷайб зананд.

Ҳатто дар ҳамон ҷо таъсиси чандин созмонҳои террористиро бо намояндаи истихборотии кишвари мусалмонии ба мо маълум тарҳрезӣ менамудед ва имрӯз  созмони террористии “Ансоруллоҳ” аз ҳамон гумроҳкардаҳои шумо наҳзатиён пур аст. Магар барои гумроҳ кардани ҷавонони тоҷик ва сарсону фиреб додани миллат аз падарат таъриф мекунӣ?

Ҳамзамон инро ҳам фаромӯш накун, ки бо дрӯғҳоят ғоратгарӣ ва авбошиву бар ивази пул хиёнати  падаратро бар Ватан ва миллат шуста наметавониву бо ин навиштаҳоят ҳақиқати ҳолро худат маълум кардӣ, ки пули хонаводааст аз куҷост?

Як миллион доллари кӯмаки Арабистони Саудӣ барои муҳоҷирони тоҷики Афғонистон, ки ба дасти Нӯриву падарат расида буд, чаро ба муҳоҷирони камбизоати тоҷик дар он шабҳо дода нашуд?

Суҳбатҳои алоҳида, хотираҳо ва талошҳои падарат барои ташкили дубораи ҷанг дар дасти мардум ҳаст, норозияташ барои сулҳ ва ваҳдат ва баҳсҳояшро бо С.А. Нӯрӣ ҳам дар даст дорем, ки агар ифшо намоем, ба гуфти мардум “капаат дуд мекунад” Маҳмадиқболи кавдан ва бефарҳанг!

Фикр карди ин миллат дигар гумроҳу содда аст, ки ҳар он чӣ сафсатаи ту пешниҳод мекунӣ қабул дорад? Не. Ҳаргиз ин гуна нест, балки ин миллат ба ҳоли ту механдад ва барои ҳамин сафсатаҳоятро мехонанду равонии нобакор буданатро боз ҳам амиқтар менамоянд, Маҳмадиқболи палид!

Ҳарчанд сафсата мехонӣ, 100 дурӯғ мебофӣ, 1000 дурӯғ менависӣ, 10000 маводи иғвобарангез мепартоӣ, ҳамааш фоида надорад, ва 100 дурӯғат ошкор шуд, 1000 макру найрангат маълум шуд, 10000 ҷиноятат фош шуд, ин аст кори кардаи ту ва дигар наҳзатиёни террорист. Фикр мекунӣ чандин созмони байналмилалӣ беҳуда ТТЭ ҲНИ-ро террористиву хатарнок эълон намуданд? Ин аз фаъолият ва нияти нопоку аблаҳонаву душманонаи ту Маҳмадиқболи равонӣ ва дигар наҳзатиёни палид бар алайҳи инсоният мебошад.

Ҷое хондам, ки воқеан ҳам аз худат мард ва намедонам барои барҳам задани кадом ҳодисаву ҳақиқати рӯзгорат инро навиштӣ, ки воқеан ҳам мояи шармсорист. Зеро мард будан на доштани номи мардонаву симои мардона, балки дар қавлу амал хидмати мардона мебошад, ки ту Маҳмадиқбол аз ин чиз фарсахҳо дур мебошӣ! 

Зеро ба наздикӣ як нафар дар сомонаҳи интернетӣ навишт, ки маро Кабирӣ ва Маҳмадиқбол фиреб доданду аз номам саҳифа кушодануд бар алайҳи миллат навиштанд, аммо пуламро надоданд. Магар мардии ту ҳамин аст, ки як ҷавони муҳоҷир ва маъюбро фиреб диҳӣ?

Муҳаммадиқболи  террорист ва нофаҳм ту як маротиба андеаш бикун, ки чӣ қадар хиёнат бар миллат ва давлат мекунӣ? Чӣ қадар ҷавонҳоро гумроҳ мекуниву дурӯғ мегӯӣ?  Оё як маротиба андеша накардӣ, ки агар ғуломиву хизматгорӣ ба хоҷаи хоҷаатро партоӣ ва ба ҳаёти осоишта бипардозӣ чӣ хидмате ба мардум хоҳӣ кард? Маҳмадиқболи манфур оё дуруст нест, ки аз пайи табобати худ шавиву ин ҳам дасисабозиву авбошиятро як тараф гузорӣ?

Дигар ин ки ту як хуносо ҳастӣ ва сухану амалат ҳам аз ҳамин зовия мебошаду туро кайҳо боз мардум ҳамчун як занакнол мешиносанд, ки воқеан ҳам ҷойи таассуф мебошад. Зеро вақте як нафар худашро мард меҳисобаду даст ба хиёнат зад, дигар чӣ ҷойи андеша кардан мемонад, чунки ин амали ту Маҳмадиқболи равони рафтори фоҳишаи шабгардро мемонад, ки ҳар шабро дар таҳи пойи мардум рӯз мекунаду субҳ гуфт, ки ман духтари покизааму шавҳар меҷӯям! Рости дигар хел наметавонам ин ҳама амалҳои авбошона ва сафсатаҳои Маҳмадиқболи кавдан ва ифротиро шарҳу тавзеҳ диҳам.  Ҳамчунин ба ҳамагон маълум аст, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ имрӯзҳо дар хориҷи кишвар аз ҳисоби кадом хоҷа мехӯранду мепӯшанд ва ин ҳама воҳима аз барои чист?

Хонанда бояд донад, ки афроди пастфитрат ва бадниҳоду молпарасти наҳзатӣ аз барои нафси бад ва ҷоҳпарварии хеш даст ба хиёнат задаву миллатро имрӯзҳо нияти гумроҳ кардан доранд, ки бисёр ҳам ҷинояти бузург ва хиёнати нобахшиданӣ аст.

Зеро миллати тоҷик имрӯзҳо нав нафаси тоза мекашад, ҷабри таърих  магар кам буд , ки боз хиёнати аъзоёни ТТЭ ҲНИ дар солҳои 90-ум бар сари миллат бор шуд? Даҳшату ваҳшати овардаи наҳзатиён дар он солҳо, доғи бузургест, ки синаҳои миллатро шикофтаасту ғусса бар миллат овардааст.  Тоҷик ва тоқикистони фақат чанд соли соҳибистиқлолӣ аст, ки ҳамчун инсон зиндагӣ дораду худро соҳибватан мепиндорад. Вале ҳоло иддае аз наҳзатиёни палид мехоҳанд ҳамин саодат ва оромиву суботи кишвар, ҳамин мустақилияти миллатро ба ҳа зананд, нест кунанд, ки инро мо ҳаргиз намебахшем. Мегӯянд хиёнаткор асло ба худу хешонаш ҳам раҳм намекунад ва мақсадаш ҳамх хиёнат асту аз ин лаззат мебарад, ки мо инро дар хиёнаткориву хоинии наҳзатиён бараъло мушоҳида менамоему ҳасрат мехӯрем, ки чӣ тавр дар Ватани мо ин хоинону хиёнатнокорони пастфитрат ба воя расидаанд?

Обу хок ва нони ин Ватан бар ту Маҳмадиқболи касифу разил ва дигар наҳзатиёни манфур  ҳаром бод!

Мегӯянд гаар решаи дарахт пусида бошад, он дарахт дер намепоят ва мевааш ҳам ширин намешавад. Ин аст, ки аз оилаи як пастфитрат ва хоин боз як хоин ва хиёнаткоре мисли Маҳмадиқболи пастфитрат ва касиф пайдо шудааст.

Дар охир ҳаминро илова карданиям, ки филми мустанади “Хиёнат” туҳматнома не, балки ҳақиқатномаест, ки парда аз чеҳраи зархаридон, гумоштаҳову ҷосусони наҳзатӣ, ки бар Миллат имрӯзҳо хиёнат мекунанду мехоҳанд ҷомеаро гумроҳ созанд, бардоштааст ва буду набуди аъзоёни ТТЭ ҲНи ва роҳбари онро бар бинанда ошкор сохтааст.

Дилмуроди Вафо

таҳлилгар, ДКМТ