Роҳбарияти Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ниёзмандонро дар арафаи Соли нави мелодӣ бо туҳфаҳо сарфароз гардонид

Дар партави сиёсатҳои башардӯстонаву хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти роҳбарияти Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар арафаи таҷлили Соли нави мелодӣ ба як қатор ниёзмандон, маъюбон ва ятимони кулли шаҳри Бӯстон, ки зиёда 85 нафар мебошанд,  туҳфаҳои соли навӣ эҳдо намуданд.

Ёдовар мешавем, ки дастгирӣ намудани ятимон, кумак намудан ба ниёзмандон аз фазилатҳои неки инсонӣ буда, аёдат ва хурсанд намудани онон дар ин рӯзҳо басо рӯҳбаландкунанда мебошад.

Ногуфта, намонад, ки ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ ҳамаи ниёзмандон ва маъюбонро дар толори хурди донишкада ба ҳузур пазируфта, аз наздик ба Соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфта, ба зиёда аз 85 нафар қишри ниёзманд ҳадяи соли навӣ ҳадя намуданд.