Аъзои ҲХДТ будан, ифтихор аст! Ҷаласаи ҳисоботии Ташкилоти ибтидоии “Маърифат”-КИ ҲХДТ дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

Дирӯз дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҷаласаи ҳисоботии ташкилоти ибтидоии КИ ҲХДТ дар Донишкада бо номи “Маърифат” баргузор гардид.
Др ҷаласаи мазкур нахуст ҳисоботи раиси Ташкилоти Ибтидоии “Маърифат” Саидов Анвар шунида шуд, сипас тибқи ба овозмонӣ аз рӯйи рӯзномаи маҷлис масъалагузорӣ шуда, кори маҷлис идома ёфт.
Дар ҷаласаи имрӯза ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон Миршакар Ҷалолзода ва дигар муовинони ректору аъзоёни ҳизб ширкат варзиданд.
Тибқи рӯзнома дар ҷаласаи ҳисоботӣ ба ҷуз аз раиси ташкилоти ибтидоии “Маърифат”-донишкада, ректори муассиса н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ аъзоёни ҳамин ташкилот Давлатов Д.С., муовини ректор оид ба тарбия Аминҷонова М.С. ва дигарон суханронӣ намуданд.
Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ дар баромади худ изҳор доштанд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон яке аз ҳизбҳои муваффақ дар миқёси ҷумҳурӣ мебошад ва раиси муаззами он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки дар як муддати кӯтоҳ барномаҳои муҳимро ба мардум пешкаш созанду масъалаҳои глобалиро матраҳ созанд. Имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро на танҳо дар дохили ҷумҳурӣ, балки берун аз он низ мешиносанд ва узви ҲХДТ будан, як ифтихори баланд барои ҳар як шаҳрванди кишвари азизамон аст. Дар идома роҳбари муассиса қайд намуданд, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамеша омода аст, бо КИ ҲХДТ бо ташкилотҳои ибтидоии ҳизби мазкур ҳамкорӣ намояд ва дар пешбурди фаъолияти он саҳмгузорӣ намояд.
Дар интиҳои маҷлис ба омӯзгорони донишкада Қозиев К.С. ва Холбоев Р., ифтихорномаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон тақдим карда шуд. Ҳамчунин дар ин рӯз 15 донишҷӯйи донишкада аъзои КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон гардиданд.